Ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ ва бунгоҳи саломатӣ дар деҳоти ба номи Утақара Назаров

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар арафаи иди байналмилалии Наврӯз иншоотҳои ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

20220322_141646.jpgБо иштироки раиси ноҳия Садриддинзода Бадриддин, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ширин ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят Файзализода Қобил дар назди муассиаи таҳсилоти миёнаи умумии №49, воқеъ дар деҳаи Чапарӣ 1-и Ҷамоати деҳоти ба номи Утайар Назаров 8 адад синфхонаи иловагӣ дар ду ошёна бо тамоми таҷҳизоти зарурии таълимӣ ба истифода дода шуд. Синфхонаҳои иловагӣ, ки бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ сохта ба истифода дода шуданд, дар ду баст 384 нафар хонандаро фаро мегирад.

20220322_144801.jpgҲамчунин дар деҳаи Чапарӣ 2 маросими ифтитоҳи бинои нави бунгоҳи саломатии деҳа бо иштироки раиси ноҳия ва меҳмонон баргузор гардида, табибони деҳа бо бинои заонавӣ ва таҷлиҳоти зарурии тиббӣ таъмин карда шуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони як қатор иншоотҳои ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ҳадаф аз он беҳтар намудани шароити сокинон ва рушди босуботи инфрасохтори иҷтимоии маҳал ба ҳисоб меравад.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мазкур сохтмони иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ ва корхонаву коргоҳҳо, ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ идома дорад.

Миёна: 3.5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.