ДАСТГИРИИ ШАХСОНИ НИЁЗМАНД ДАР АРАФАИ ИДИ НАВРӮЗ

Дар доираи чораиниҳои бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва дар пайравӣ аз ҳидоятҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии қишрҳои ниёзманди аҳолӣ дар арафаи Иди Наврӯз бо ибтикори бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ақди никоҳи 6 ҷуфт навхонадорон аз оилаҳои камбизоат ба қайди давлатӣ гирифта шуд. Дар маросими супоридани шаҳодатномаи ақди никоҳи навхонадорон, ки дар доираи чорабиниҳои идонаи наврӯзи дар варзишгоҳи марказии ноҳия баргузор гардид, раиси ноҳия Садриддинзода Бадриддин, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ширин ва сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят Файзализода Қобил иштирок намуда, раиси ноҳия ва меҳмонон шаҳодатномаҳои ақди никоҳ ва туҳфаҳои хотиравиро ба ҷавонон тақдим намуданд.

20220321_103941.jpgҲамчунин дар арафаи иди Наврӯзи байналмилалӣ бо дастгирии шахсони саховатпеша хатнасури 6 нафар кӯдак аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуда, ба 20 нафар собиқадорони меҳнат ва шахсони ниёзманд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кумаки яквайтаинаи молиявӣ расонида шуд.

Гуфта мешавад, як рукни ҷашни Наврӯз дасти мадад дароз намудан ба шахсони ниёзманд ба ҳисоб рафта дар арафаи ин иди миллӣ амалҳои хайру саховат ва дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ аз ҷониби шахсони саховатпеша идома дорад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.