Бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз дар варзишгоҳи марказии ноҳия чорабинии оммавии идона баргузор гардид.
Раиси ноҳия Садриддинзода Бадриддин ҳамроҳи намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ширин ва намояндаи мақомолти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Раёсати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилоят Файзализода Қобил аз намиошгоҳи дастовардҳо, ҳунарҳои мардумӣ, ҳунарҳои дастӣ ва намоиши расму оини сокинони ноҳия, дар аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо доир гардида буд, дидан намуданд.
Сипас раиси ноҳия ва меҳмонон ҷамъомадагони чорабинӣ ва тамоми сокинони ноҳияро бо фарорасии наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, ҷашни Наврӯзро оғози эҳёи табиат, фараҳи лутфу меҳрубонии инсонҳо ва сабзаву ёсуману насрин унвон карданд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо тамоми арзишҳои суннатиаш қабои нав ба бар карда, хонадони ҳар яки моро пур аз шодиву сурур мегардонад.
Қайд гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли дувоздаҳум аст, ки аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид Рӯзи байналмилалӣ эълон гардид ва ниҳоят эътирофи воқеияту рисолати таърихии он барқарор гашт.
Дар идома ҳунармандони ноҳия чорабинии консертӣ ва барномаи ҷолиби театрикунонидашударо пешниҳоди ҳозирин намуданд.
Қобили зикр аст, ки дар чорабинии фарҳангии ноҳия сароянди маҳбубу машҳури кишвар, овозхони Ансамбли “Сипар”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнами Тоҷиддин бо сурадҳои дилнишин иштирок намуда, хотири сокинонро боз ҳам болидатар намуд.
Ҳамчунин дар чорабинӣ дигар ҳунармандон, аз қабили дорбозон намои ҳунар намуда, фазои идонаи ноҳияро рангинтару хотирмон гардониданд.