Ҳузури муборак ва ҳумоюни ҷашни ҷаҳонии Наврӯзи оламафрӯзро бо накӯтарин таманниёти самимӣ ба тамоми сокинони сарбаланди ноҳияи Қубодиён таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки файзу нусрат ва шукӯҳи ин ҷашни фархунда бароятон иқболу саодат, комгориву тавфиқ ва дар ҷодаи амалӣ гардидани ҳадафҳои созанда муваффақиятҳои беназирро ато намояд.
Наврӯз – ин иди ниёгони мо, ки солҳои тулонӣ истиқболу ҷашнгирии он ба рисолати воқеию таърихӣ доштани он ба ҳадди мамнӯъӣ расида буд, соли дувоздаҳум аст, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид Рӯзи байналмилалӣ эълон гардид. Ба ибораи дигар Наврӯз ҷаҳонӣ шуд ва эътирофи воқеияту рисолати таърихии он барқарор гашт.
Мардуми сарбаланд ва саодатманди ноҳияи Қубодиён чун дигар ҳамватанон шукргузорӣ аз он менамоянд, ки бо иқдоми наҷиб ва шоистаи Сарвари давлат иди миллӣ ва аҷдодии мо — Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун рамзи равобити дӯстии халқҳои соҳибфарҳанг ва тамаддунпеша, ки паёмовари сулҳу дустӣ шуморида мешавад, бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Боиси хушнудист, ки ҷашни Наврӯз ба тақвияти сулҳу субот, дӯстиву ҳамкориҳои мутақобила дар минтақа ва ҷаҳон кӯмак намуда, ҷаҳонро ба сӯи шодӣ, сулҳ ва оромӣ ҳидоят менамояд.
Таърих гувоҳ аст, ки Наврӯз ҷавҳари фарҳанги мардуми ориёӣ буда, гузаштагонамон онро чун нахустин рӯзи моҳи фарвардин ва оғози соли нав, ҷашни баҳор, бедории табиат, баробарии рӯзу шаб ва ҷашни аҳди пешдодӣ таъбир кардаанд.
Тибқи урфи гузаштагонамон дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, ки баёнгари эътиқоду ихлоси мардум ба зинда шудани табиат ва рӯзу рӯзгори нав мебошад.
Имрӯз мо бо ифтихору шодмонӣ эълон медорем, ки Наврӯзи даврони истиқлол паёмовару оғозгари рӯзгори шоду хуррам, навиди бахту саодат ва фардои дурахшони кишвари мост.
Муҳимтар аз ҳама, расму ойин ва суннатҳои наврӯзӣ дар вуҷуди хеш падидаҳои барҷастаи инсонгароӣ ва маънавиёти баландро ҷой додаанд, ки шинохти ҳақиқати онҳо ба худогоҳии маънавӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин, ташаккули фарҳанги ахлоқии ҷомеа мусоидат мекунад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр менамоянд: «Асолати иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле бузург буда, нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи халқ мебошад. Зеро Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳо аст. Кишвари мо – Тоҷикистон сарзамини хуршедӣ ва як гӯшаи биҳишти рӯйи замин аст, ки бо қадами мубораки Наврӯз ба гулистон табдил ёфта, бо ҷомаи сабзи худ ба мо зиндагии хуш ва нуру сафоро ҳадя меорад».
Бедории табиат ва хусусан суннатњои писандидаи љашни Наврўз таќозо менамояд, ки дар баробари чорабинињои љашнї аз њар рўзи мусоиди бањорї оќилонаву самаранок истифода карда, барои киштукори бањорї ва коштани донаи умед, ки файзу неъмати хони наврўзии мо мебошад, камари њиммат бандем.
Рўёнидани њосили фаровон, истифодаи оќилонаи обу замин, афзун намудани истењсоли мањсулоти худї, аз љумлаи корњое мебошанд, ки њар кадоми мо бояд онњоро ба хотири боз њам ободу зебо ва пешрафта гардонидани Ватани мањбубамон – Тољикистони озоду соњибихтиёр анљом дињем.
Яке аз суннатњои наврўзї дасти мадад ба сўи ятимону бепарасторон ва шахсони яккаву танњо дароз намудан аст.
Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Ќубодиён дар арафаи љашни байналмилаии Наврўз пайваста дасгирии ятимону бепарасторон ва маъюбонро дар мадди аввал гузошта, њамеша ба ин ќишри ањолї дар арафаи љашнњои милливу давлатї таваљљўњ хос зоњир менамояд.
Ба ифтихори ин љашни бостонї то имрўз дар ноњия корњои зиёди ободонї ба анљом расонида шуданд, ки дар он сањми сокинони ноњия басо назаррас мебошад.
Воќеан, яке аз рамзњои дигари наврўзї тозаву озода кардани хонаву манзили зист, кўчаву хиёбон ва шинонидани нињолу коштани донаи умед мебошад.
Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки њанўз барои ободии бештару бењтари ноњия зањмати зиёд кашидан зарур аст.
Барои ин, пеш аз њама, њар як сокини ноњия бояд кўшиш намояд, ки барои ободии он сањми худро гузорад, мањалли зист ва кору тањсили худро њамеша тозаву озода нигоњ дорад. Ин ќарзи ватандўстонаву шањрвандии њамаи сокинони ноњия ва вазифаи инсонии њар як фарди бонангу номуси љомеа мебошад.
Бори дигар мардуми шарифи ноњияи Ќубодиёнро бо фарорасии Наврўзи оламафрўз, нафаси тозаи бањор табрик намуда, бароятон рўзгори ободу саодати зиндагї, рўњу илњоми тоза барои ноил шудан ба комёбињои шоёни мењнатї таманно дорам.
Љашни байналмилалии Наврўз ва соли нави миллї муборак бошад!