Дар толори қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ чорабинии тантанавӣ ва идона баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳия Садриддинзода Бадриддин ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияро табрик гуфта, бо гузашти 29 сол аз ин рӯзи муборак қудрат, нуфуз ва симои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон куллан дигаргун гашта, он ба нерӯи бузурге мубаддал гаштааст, ки эътимоди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ ва тамоми мардуми тоҷикро ба даст оварда, ҳамчун сипари шикастнопазир дар роҳи ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ сарбаландона фаъолият намуда истодааст.
Раиси ноҳия дар идомаи суханронии худ қайд кард, ки бо талошу кӯшишҳои пайгиронаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 29 соли мавҷудияти Артиши миллӣ таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён омада, шароити муносиб барои афсарону сарбозон таъмин гардидааст.
Дар баромади раиси ноҳия таъкид шуд, ки барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт - дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.
Дар фарҷоми чорабиниӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертиро пешниҳоди ҳозирин намуданд.