Бо шарофати соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошу дастгириҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мардуми шарифи Тоҷикистон таъсисёбии Рӯзи Артиши миллиро бо рӯҳияи баланди меҳандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ таҷлил мекунанд.
Ба ин муносибат бо камоли ифтихор ҳамаи сокинони ноҳияро ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар як сокини ноҳия дар иҷрои вазифаи пуршарафу муқаддас – ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини суботу оромии давлат ва ҷомеа комёбиву барори кор орзу менамоям.
Имрӯз мо бо ифтихор аз он рӯзи таърихӣ, яъне 23 феврали соли 1993 ёд мекунем, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буданд. Воқеан ҳам, ин рӯз ҳамчун санаи муҳим дар таърихи давлатдории мо аҳамияти хоса дошта, нишонаи зина ба зина қудрат пайдо кардани давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Бо гузашти 29 сол аз ин рӯзи муборак қудрат, нуфуз ва симои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон куллан дигаргун гашта, он ба нерӯи бузурге мубаддал гаштааст, ки эътимоди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ ва тамоми мардуми тоҷикро ба даст оварда, ҳамчун сипари шикастнопазир дар роҳи ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ сарбаландона фаъолият намуда истодааст.
Бо талошу кӯшишҳои пайгиронаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 29 соли мавҷудияти Артиши миллӣ таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён омада, шароити муносиб барои афсарону сарбозон таъмин гардидааст.
Боиси қаноатмандӣ ва ифтихор аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз мавқеи худро дар минтақа устувор нигоҳ дошта, ба як неруи пуриқтидори давлатӣ ва сипари боэътимод табдил ёфтааст. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: “Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балкӣ мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад”.
Имрӯз мо қудрати муҳофизатии Артиши миллиро васф намуда, ҳаргиз ҳуқуқи маънавии фаромӯш кардани мардонагии ҳазорҳо нафар ҷавонмардони шуҷои дар роҳи таҳкими субот ва тамомияти арзии давлат ҷонбохтаро надорем. Ин диловарони Ватан барои ҳимояи сохти конститутсионӣ ва иҷрои супориши ҳарбӣ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон дода, амният ва субот дар мамлакатро таъмин намуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо қадрдонӣ аз ин қаҳрамонӣ ва шуҷоату мардонагии сарбозон пайваста дар арафаи иди Артиши миллӣ аз дидбонгоҳҳо ва қисмҳои ҳарбии ноҳия дидан намуда, барои оростани дастархони идонаи онҳо чораандешӣ намуда баҳри болидахотирии сарбозон барномаи консертии идона дар қисмҳои ҳарбӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадӣ баргузор менамояд.
Аз замони таъсисёбии артиш вақти зиёде нагузашта, ба дӯши он якҷоя бо дигар мақомоту сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ вазифаи басо муҳим ва масъулиятнок, яъне таъмини суботу оромӣ ва амнияти кишвар вогузор гардид. Тӯли 29 сол афсарону сарбозони Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷой овардаанд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ ба мушкиливу душвориҳои вазъи сиёсӣ дучор гардида, дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани авзои ҷомеа ва мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, инчунин барҳам задани кӯшишҳои гурӯҳҳое, ки қасди табаддулоти давлатиро доштанд, аз худ шуҷоату матонат нишон дода, ба ҳадафҳои неки сулҳҷӯёна ва мақсадҳои бунёдкоронаи худ расиданд. Ин ҳама талошу заҳматҳо, ки барои таъмини суботу оромӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва осудагии ҳаёти мардум равона гардида буданд, рамзи садоқат ба давлату миллат ва эҳтиром ба сокинони он буд, ки афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ аз худ нишон доданд.
Имрӯз ба шарофати заҳмату ранҷи онҳое, ки дар набардҳо ва муборизаҳо баҳри расидан ба Истиқлолияти воқеӣ иштирок карда, сулҳу оромиро пойдор намуданд, Тоҷикистон рӯз аз рӯз ободу зебо ва тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум рушду инкишоф меёбанд.
Бинобар ин, моро зарур аст, ки насли имрӯзаро дар рӯҳияи қаҳрамонию диловарӣ, ҷасорат, муҳаббати зиёд доштан ба халқу диёри худ ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро қарзи фарзандии худ донистан тарбия намоем.
Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт - дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон барои тайёр намудани мутахассисони ба Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар ҷузъу томҳои низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон заруратдошта аз ҳисоби навдаъватшавандагон саҳми намоён дошта, ҳамасола дар мактабҳои ронандагии зерсохторҳои ин ташкилот навдаъватшавандагонро аз ҳисоби давлат ба курсҳои кӯтоҳмудати ронандагӣ ҷалб намуда, соҳибкасб мегардонад. Ҳамчунин, аз вониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия аз ҳисоби Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ курсҳои омӯзиши ихтисосҳои гуногуни ба Қувваҳои Мусаллаҳ заруратдошта ташкил карда шудааст, ки дар он даъватшавандагон ҷалб гардида, бо гирифтани идрорпулӣ соҳиби касбҳои гуногун мешаванд.
Имрӯз моро зарур аст, ки барои омодабошии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар корро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дуруст ба роҳ монда, дарсҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ самаранок гузаронида шаванд. Дар ин самт бояд ҳамкориву ҳамоҳангӣ байни муассисаҳои таълимӣ ва соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш хуб ба роҳ монда шавад.