ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!
Соли нави мелодии 2022-юм инак фаро мерасад. Ба ин муносибат тамоми сокинони ноҳияро табрику таҳният намуда, ба ҳар як сокини ноҳия тансиҳатӣ, бахту иқболи нек, файзу баракат ва нуру зиёро таманно дорам.
Соли 2021 барои Тоҷикистони азизи мо соли пешравиҳо дар аксари соҳаҳои хоҷагии халқ, соли амалӣ шудани умеду орзуҳои неку созанда маҳсуб мегардад. Бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сипаришаванда, ки мардуми шарифи мамлакат 30-юмин солгарди истиқлоли давлатии кишвари азизмаонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил намуданд, дар саросари мамлакат соли татбиқи иқдому ташаббусҳои наҷиби ватандӯстона, соли равнақи бесобиқаи корҳои ободониву созандагӣ, соли вусъатёбии раванди худшиносиву худогоҳии миллии мардуми мо буд ва сарзамини мо нисбат ба солҳои пешин боз ҳам ободтар, зиндагии мардумамон хеле беҳтар гардид.
Дар ин сол мардуми заҳматқарину сарбаланди Қубодиён бо кору фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ ба раванди пешрафту тараққиёти сарзамини биҳиштосоямон вусъати тоза бахшида, аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии кишвар руҳу илҳоми тоза гирифта, ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд.
Як қатор руйдоду дастовардҳои муҳими соли 2021, ки барои кишвари азизи мо хотирмону арзишманд маҳсуб меёбанд, ноҳияи Қубодиёнро дарбар гирифта, боиси сарфарозӣ ва хушнудии сокинони ин гӯшаи ободу зебои кишвар гаштаанд.
Аз ҷумла сокинони ноҳияи Қубодиён низ барои дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ таҷлил ва натиҷагирӣ намудани омодагиҳо ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба омодагӣ дида, дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ дар ноҳия 163 адад иншооти ҷашнии таиноти гуногун сохта ба истифода дода шуданд, ки фаъолияти онҳо дар рушду пешрафт ва тараққии маҳал таъсири мусбӣ мерасонанд.
Ҳамзамон дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ 9,5 км роҳ асфалтпӯш, 13 км шағалпӯш, таъмири 3 адад пулу 7 адад қубур дар роҳҳои аҳамияти байналмиллалӣ дошта, кашидани хати уфуқӣ 9,9 км, 32 адад аломатҳои роҳ насб гардида, сохтмону таъмири деворҳои кӯчагӣ 26 км, сохтмони ҷӯйборҳои обгузар 3 км, насби фурузонакҳо 6 ҳазор адад, тоза кардани ҷуйборҳои обгузар 47 км, насби шиору овезаҳо 144 адад, сохтмони 30 адад пули пиёдагарду автомобилгард дар деҳот, тоза кардани 60 км заҳбуру заҳкашҳо, шинонидани 109 ҳазор гулу гулбутта, шинонидани 16 ҳазор бех ниҳол, дар маҷмӯъ маблағи умумии корҳои иҷро гардида зиёда аз 24,7 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Моҳи июни соли равон бо ташаббуси созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ва дастгирии кишвари дӯсту бародари Ӯзбекистон дар доираи равобити ҳасанаи ду кишвар дар ноҳия Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” бо шароит, таҷҳизоти тиббӣ ва инфрасохтори муосир, ки имконияти расонидани хизмати тиббӣ ба тамоми сокинони кишварро дорад, бо иштироки раҳбарони ду кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Давоми соли сипаришаванда дар доираи чорабиниҳо бахшида ба омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва озмуни “Тоҷикистон Ватани азизи ман” дар сатҳи маҳал ва ноҳия бо теъдоди зиёди алоқамандони шеъру сухан ва адаб баргузор гардида, ғолибон ба даври вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ роҳхат ёфта, донишҷӯи курси якуми Коллеҷи омӯзгории ноҳия Содиқзода Гулнисо дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мақоми 2-юмро ишғол намуд.
Соли равон бо иқдоми ғамхорона ва башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваксинаҳои зидди бемории ҳамагири Коронавирус COVID-19 ба кишвар ва алалхусус ба ноҳияи Қубодиён ворид гардида, маъракаи пешгирии ин вабои аср тавассути эмгузаронӣ оғоз гардида, марҳила ба марҳила тамоми сокинони ноҳия ба ваксинаи зидди бемории сирояти нави Коронавирус фаро гирифта мешаванд.
Дар соли 2021 бо ташаббуси Сарвари давлат ёдгории таърихии Тахти Сангин ба Феҳристи ҷашнвораҳои Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2022-2023 ворид гардид, ки ин иқдом, бе шубҳа ба рушди соҳаҳои фарҳанг ва сайёҳии ноҳия таъсири мусбӣ гузошта, барои эҳёи таърих ва тамаддуни куҳани миллат тоҷик мусоидат менамояд.
Сохтмони бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи мактаб-интернати ноҳия, ки бо ташаббус ва ғамхориҳои Сарвари давлат нисбат ба ятимон ва бепарасторон оғоз гарида буд, соли равон ба итмом расида, дар рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бо ҷалби ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои динӣ ва шахсони саховатпеша ба мақсади ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маъюбон, кӯдакони ятим, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, оилаҳои эҳтиёҷманд таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, дар арафаи Идҳо кӯмаки молиявӣ ва моддӣ расонида шуда, дар арафаи Соли нави мелодӣ ин иқдом идома дорад.
Соли 2021 ҳамчун соли аввали татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар арзёбӣ гардида, бо назардошти ин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста ба тағйирёбии вазъу талаботи бозори ҷаҳонӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ тараққӣ додани соҳаи саноат ва коркарди маҳсулоти он то ҳаддӣ ниҳоиро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини рушди иқтисодӣ қарор додааст.
Соли 2021 корхонаҳои саноатии ноҳия дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ ба маблағи 121 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 103,3 фоизро ташкил дода, 8,4 млн. сомонӣ зиёд буда, нисбати дурнамои солона 126,8 млн. сомониро дар бар мегирад.
Дар баробари ноил гардидан ба ин дастовардҳои бузурги аср дар давоми соли сипаришаванда сокинони ноҳия дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи заҳмату кӯшишҳо соли ҷориро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуданд.
Соли равон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия пешравиҳо ба назар расида, ин раванд ба таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва худогоҳиву худшиносии мардум мусоидат намуд.
Дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 1 млрд. 562 млн. сомонӣ расида, 108,3 фоиз, ё ин ки 119,2 млн. сомонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд буда, афзоиш ба соҳаи кишоварзӣ 6,8 фоиз, ба соҳаи саноат 3,3 фоиз ва дигар соҳаҳо 12,9 фоиз рост меояд.
Таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳарчи бештар бо шуғл таъмин кардани шаҳрвандони бекор, хусусан дар шароити имрӯза самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлат буда, 1278 нафар, аз он ҷумла 730 нафар занон бо кори доимӣ таъмин гардида, 110 нафар, аз ҷумла 45 нафар занон тариқи квота дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия, 25 нафар тариқи ташкили корҳои фардӣ ва 80 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шудааст.
Ба ҳолати 1 декабри соли 2020 дар ноҳия 2129 ҷойҳои кории нав, аз он ҷумла доимӣ 409, мавсимӣ 333 ва муваққатӣ 1387 ҷойи корӣ таъсис дода шуд, ки 65,1 фоизи нақшаи солонаи таъсиси ҷойҳои кориро ташкил намуда, захираҳои зиёд ҷиҳати таъсиси ҷойҳои корӣ дар ноҳия мавҷуд аст.
Эътимоди комил дорам, ки дар Соли нави 2022 низ ба хотири татбиқи барномаҳои стратегии миллиамон ва нақшаву ниятҳои неку созандаи Пешвои муаззами миллатамон, кору фаъолияти ҳаррӯза ва азму талоши ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту меҳанпарвари ноҳияи Қубодиён ба ободиву шукуфоии сарзамини биҳиштосоямон ва бунёдкориву созандагии Ватани азизамон анҷом мепазирад. Мардуми сарбаланди Қубодиёни бостонӣ, чун тамоми тоҷикистониҳо, зери ливои ваҳдати миллӣ ва дар пайравӣ ба Пешвои муаззами миллат заҳмату кӯшиши ободгаронаи худро барои боз ҳам афзун гардонидани иқтидори иқтисодии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва дар арсаи байналмилалӣ боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрамон дучанд хоҳанд кард.
Бори дигар тамоми мардуми ноҳияро бо фарорасии соли нави мелодии 2022 самимона табрик гуфта, ба ҳар як сокини ноҳия саломатӣ, умри дароз, рӯзгори обод, бахту саодати пойдор ва сулҳу оромӣ орзумандам.