Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҷаласаи корӣ доир намуд

ДУШАНБЕ, 29.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини якум ва муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ВМКБ ва роҳбарони идораву муассисаҳои вилоятӣ иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Раиси ВМКБ Ғолибшо Ниятбеков хабар дод.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот оиди супоришҳои протоколии ҷаласаи ҳафтаи гузашта аз масъулин пурсон шуда, ҷиҳати сари вақт ва сифатнок иҷро шудани онҳо дастурҳои зарурӣ дод. Ҳамчунин, и.в. Раиси вилоят вобаста ба вазъияти рӯзҳои охир дар шаҳри Хоруғ рухдода сухан намуда, иброз дошт, ки ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ ва ахбороти беасос набояд бовар кард. Махсусан, хизматчиёни давлатиро зарур аст, ки ба ҳамин гуна иғвоҳо ҷавоби сазовор дода, дар доираи қонунгузории кишвар фаъолияти худро ба роҳ монда, бобати амалӣ намудани нақшаҳои фаъолият, ки ба созандагию бунёдкорӣ нигаронида шудаанд, саъю кӯшиш намоянд.

Инчунин, дар ҷаласа масъалаҳои дигари хоҷагии халқ, аз ҷумла, омода намудани муассисаҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ ба зимистони дарпешистода, захира намудани маводи ғизоӣ маҳсулоти кишоварзӣ ва сӯзишворӣ ва дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани техникаи роҳтозакунӣ дар роҳҳои вилоят, муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот дар бозор мавриди таҳлил қарор гирифта, масъулин вазифадор шуданд, ки ба ин масъалаҳо диққати ҷиддӣ равона намоянд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят оиди масъалаи зимистонгузаронӣ иброз дошт, ки ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Мурғоб баъзе камбудиҳои ҷойдошта, аз он ҷумла, дар муассисаҳои таълимӣ, ба назар расиданд. Бинобар ин, ба муовинони Раиси вилоят ва масъулини соҳаи маорифи вилоят супориш дода шуд, ки масъалаи зимистонгузарониро дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар биноҳои таъминоти иҷтимоӣ зери назорат гирифта, оиди бартараф намудани норасоиҳо чораандешӣ намуда, аз иҷрои корҳо ба Раиси вилоят гузориш пешниҳод намоянд.

Масъалаҳои дигари мубрами фаъолияти корӣ низ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, оиди амалӣ гаштани онҳо супоришҳои қатъӣ дода шуданд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.