ТАҶЛИЛИ ИДИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ДАР ҚАСРИ ФАРҲАНГ

Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар толори қасри фарҳанги ноҳия чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ табрику таҳният намуда, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллиро яке аз омилҳои муҳими пойдории давлати соҳибистиқлол унвон кард. Раиси ноҳия дар баромади худ изҳор дошт, ки парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

20211124_101109.jpgӮ дар идомаи суханронии худ қайд намуд, ки парчами имрӯзаи давлати мо бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи омӯзиши амиқи таърихи давлатдории тоҷикон, анъана, расму оин ва рамзҳои миллӣ омода гардида, бо назардошти майлу иродаи мардум қабул карда шуда, нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қабул гардидани он басо муҳим мебошад. “Дар он Иҷлосияи таърихӣ Сарвари тозаинтихоби давлати тоҷикон ҳамчун рамзи эҳтиром ба Ватан ва миллати хеш Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дида молида, сипас ба иҷрои вазифаи муққаддаси худ шурӯъ намуд”, гуфт раиси ноҳия.

20211124_101012.jpgГуфта мешавад ба муносбати таҷлили Рӯзи парчами давлатӣ тамоми ноҳия симои идона ба баркарда, бо нишони эҳтиром ба Парчами давлатӣ дар кӯчаҳои марказии ноҳия ва пештоқи  ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, кӯчаву роҳравҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хонаҳои истиқомативу биноҳои маъмурӣ насб карда шудааст.

20211124_103507.jpgҲамзамон ба ифтихори ин санаи муҳим дар толори қасри фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ баргузор гардида, сокинон бо рӯҳу илҳоми тоза ва табъи идона онро тамошо намуданд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.