НОМҲОИ ОБЪЕКТҲОИ ҶУҒРОФИИ НОҲИЯ МУТОБИҚ БА ТАЛАБОТИ ҚОНУН ГАРДОНИДА МЕШАВАНД

Имрӯз бо мақсади тасдиқи Феҳристи ягонаи номивазкунии объектҳои ҷуғрофии ҳудуди ноҳияи Қубодиён, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид. Оид ба ин масъала муовини раиси ноҳия – раиси Комиссия оид ба баррасии пешакии масъалаҳои вобаста ба номгузорӣ ва тағйир додани номи маҳалҳои аҳолинишини назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён Тоҷинисо Шарипова дар иҷлосия сухан намуд.

Ӯ изҳор дошт, ки Феҳристи ягонаи номивазкунии объектҳои ҷуғрофии ҳудуди ноҳияро Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби олимону забошиносони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намояндагони Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи геологияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба номгузории корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи ходимони илм, маориф ва фарҳанг дастгирӣ ёфтааст.

20211122_092222.jpgДар ин феҳрист номи 64 адад объекти ҷуғрофӣ ҷиҳати мутобиқ гардонидан бо қонунгузории амалкунанда зикр ёфта, барои онҳо номҳои мувофиқ ва ифодакунандаи мавқеъ пешниҳод шуданд. Дар феҳрист номи қаторкӯҳҳо 3 адад, мавзеъҳо 9 адад, маҷрои дарёи хушк – 6 адад, хароба – 5 адад, чашма – 6 адад, чоҳ – 7 адад, ағба – 4 адад, канал – 2 адад, кӯл – 1 адад, кӯҳ – 5 адад, ҷӯй – 1 адад, обканда – 7 адад, теппа – 5 адад, қабр – 2 адад ва қум – 1 адад пешниҳод шудааст.

Масъалаи мазкур аз ҷониби вакилон якдилона дастгирӣ ёфт.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.