Бо назардошти қисмҳои 1, 2, 3, 4, 5 ва 7 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Точикистон “Дар бораи авф бинобар конунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 02 июли соли 2021, №1802. банди 6 Низомномаи фаъолияти комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2021, №327 тасдик гардида ва бо дастрасии моддаҳои 19, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” қарор мекунам:
1. Қарори раиси вилояти Хатлон аз 12 октябри соли 2021, №320 “Дар бораи Низомномаи фаъолияти комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо, намунаи шакли эъломия ва ариза, номгӯи ҳуҷҷатҳо барои қонунигардонии молу мулки ғайриманқул пешниҳодшаванда, намунаи шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо, шакли феҳристи дороиҳои қонунигардонидашуда” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар конунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 02 июли соли 2021. №1802 ва Низомномаи фаъолияти комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2021, №327 тасдиқ гардидааст, барои иҷро ба роҳбари гирифта шавад (замима мегардад).
2. Комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо ва молу мулки ғайриманқул дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён аз рӯи вазифа таъсис дода шавад (ҳайати Комиссия замима мегардад).
3. Комиссия оид ба конунигардонии дороиҳо дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён вазифадор карда шаванд, ки фаъолияти кории худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори раиси вилояти Хатлон аз 12 октябри соли 2021, №320 “Дар бораи Низомномаи фаъолияти комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо, намунаи шакли эъломия ва ариза, номгӯи ҳуҷҷатҳо барои қонунигардонии молу мулки ғайриманқул пешниҳодшаванда, намунаи шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо, шакли феҳристи дороиҳои қонунигардонидашуда” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 02 июли соли 2021, №1802, Низомномаи фаъолияти Комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2021. №327 тасдиқ гардидааст ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд.
4. Назорати рафти иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини соҳавии раиси ноҳияи Қубодиён вогузор карда шавад.
Раиси ноҳияи Қубодиён
Б. Садриддинзода
20 октябри соли 2021, № 1471
Ба диққати сокинони ноҳия расонида мешавад, ки дар рӯзҳои корӣ аз соати 8:00 то 17:00 ба Комиссия оид ба конунигардонии дороиҳо ва молу мулки ғайриманқул муроҷиат намуда, молу мулки ғайриманқули бо роҳи ғайриқонунӣ сохтаашонро қонунӣ гардонида, бо шаҳодатномаи авфи амвол таъмин гарданд.
Комиссия оид ба конунигардонии дороиҳо ва молу мулки ғайриманқул.