Имрӯз дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон ва 29-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишитироки раиси ноҳия Садриддинзода Бадриддин дар маркази ноҳия Маркази хизматрсонӣ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳсиддин Зарипов сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ин марказ дар се ошёна ва 32 утоқу ҳуҷра фарогири филиали Маркази табобатию таълимӣ ва тибби халқии Тоҷикистон, меҳмонхона, ошхона ва мағозаи тиҷоратӣ буда, бо харҷи беш аз 1 миллион сомонӣ дар масоҳати 900 метри мураббаъ бунёд гардидааст.
Дар филиали Маркази табобатию таълимӣ ва тибби халқии Тоҷикистон беш аз 80 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати тиббии кумаки аввалия фаро гирифта шуда, инчунин марказ аз намудҳои гуногуни табобат бо усули табобати халқӣ ба аҳолӣ хизматрасонии тиббӣ менамояд. Барои беморон ва курсомӯзони дурдаст хобгоҳ бо тамоми шароити зарурӣ дар назди марказ сохта шудааст, ки он хароҷоти курсомӯзонро ба маротиб кам мекунад.
Тамоми утоқу ҳуҷраҳои иншоот бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ ва муосир таъмин буда, имкон медиҳад, ки ба аҳолӣ намудҳои гуногуни хизматрасонӣ бо сифат расонида шаванд.
Меҳмонхонаи замонавӣ, ки дар ин бино ҷойгир карда шудааст, дорои ҳуҷраҳои барҳаво ва бо шаротии зарурӣ таъмин карда шудаанд. Шароити мавҷудаи он барои қабули меҳмонон ва сайёҳон мусоид ва мувофиқ мебошанд. Дар маросими ифтитоҳи иншоот раиси ноҳия иброз дошт, ки “Бунёд гардидани меҳмонхона бо чунин шароит дар ноҳия амри зарурӣ буда, ба соҳибкор барои чунин иқдом ва ҳамчунин барои ташкили филиали Маркази табобатию таълимӣ ва тибби халқии Тоҷикистон, ки дар баробари табобат кадрҳои миёнаи тиббиро омода менамояд, изҳори ташаккур менамоем”.
Ҳамчунин ӯ қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён дар партави сиёсати созанда ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иқдомҳои соҳибкорони бонангу номуси маҳаллиро дастгирӣ намуда, барои фаъолияти озоду самарабахши онҳо шароити мусоид фароҳам месозад.