Доктор Наҷиб: Мо Шуравиро берун кардем, ту ҳам покистониро набиёр

Доктор Наҷиб: Мо Шуравиро берун кардем, ту ҳам покистониро набиёр

Дарси таърих

Муҳаммад Наҷибулло – ин ном шояд барои насли ҷавон кам ошност. ӯ арбоби давлатӣ, сиёсӣ ва роҳбари Ҳизби демократии  халқи Афғонистон, замоне дипломат, сардори Хадамоти амнияти давлатӣ, котиби генералии КМ ҲДХА буду25 сол пеш дар чунин рӯзҳое дар Кобул аз сӯйи Толибон ваҳшиёна кушта шуд (6.08.1947 – 27.09.1996).  ӯ зодаи шаҳри Гардез буд ва замоне, ки ҳамагӣ 49 сол дошт, дар Кобул манзили охираташро пайдо кард. ӯ охирин роҳбари таҳти ҳимоят ва дастнишондаи Иттиҳоди Шуравӣдар Афғонистон буд.

28 августи соли 1992 дар фурудгоҳи Кобул ҷанг идома дошт. Неруҳои ба ном муҷоҳид ҳавопаймоҳои боркаши русиро ҳадаф қарор дода, тир меандохтанд. Ин ҳавопаймоҳо барои бурдани кормандони Сафорати Русия омада буданд. Дар ҳамон рӯзсафоратҳои дигар кишварҳо низ кормандонашонро азин кишварберун бурданд. Тарафдорони Наҷибулло ва низоми дар гузашта ҷонибдори Шуравӣ, ки аз ӯ ҳимоят мекард, қисме фирор ва бархе ҳам таслими неруҳоиба Кобул воридшудаи мухолифони давлат шуданд.

Фақат Наҷибулло ба ҷойе нарафт. ӯро намояндагии СММ зери ҳимоят гирифт ва дарбинои худ дар Кобул ҳаққи паноҳандагӣ дод. «Доктор Наҷиб»- он гунае ки дар матбуот аз вай ном мебурданд, то замоне, ки қотилон ба дунболаш наомаданд,дар ин бино мезист. Ин роҳбари Афғонистон яке азомӯзиш ва тарбиядидаҳои низоми Шуравӣ буд, вале дар оғози давраи ҳукумати аввали Толибон ба таври ваҳшиёна кушта шуд. Даврони роҳбарии ӯро бо гузашти вақт бисёре аз афғонҳо дар муқоиса бо замони роҳбарии дигар ҳокимони Афғонистон як даври тилоии кишварашон медонанд, ки бешак воқеият ҳам дорад.

Артиши 40-уми Шуравӣ дарохири соли 1979 вориди хоки Афғонистон шуда,Ҳафизулло Аминро,ки 8 октябри ҳамон сол Нурмуҳаммад  Таракӣ, Котиби генералии ҲДХА-ро кушта, худ ба роҳбарии ин ҳизб ва курсии сарварии Афғонистон нишаста буд, ба қатл расонида, намояндаи дигари ин ҳизб аз фраксияи парчам - Бобрак Кормалро ба курсии роҳбарӣ шинонд.  Аммо таҷовузи Шуравӣ ва бо омадани роҳбари нав ҷанг дар Афғонистон хатм нашуда, баръакс муқовиматбо  қувваҳои мусаллаҳи тарафдори вай ва низомиёни Шуравии воридшуда ба хоки ин кишвар бештар авҷ гирифт.

Аз байн панҷ сол гузашт, аммо поёни ҷангу хунрезӣ маълум набуд. Ба ин сабаб, мақомоти Кремл  дар пайи иваз кардани Кормал ба нафари дигаре шуданд.  Он замон Наҷибулло - сардори Хадамоти давлатии иттилоот ҳанӯз  40 –сола ҳам набуд ва шояд фикри роҳбарӣ ба як ҳизб ва сарвари кишвар шуданро ҳам ба сар надошт. Зеро ба ҳизб барои вазифа не, балки эътиқоди устувор ба ормонҳои инқилоби демократӣ ба манзури сохтани як низоми ҳомӣ аз ҳуқуқу озодиҳои тӯдаҳои мардум ва ормонҳои баланди инсонӣ пайваста буд.

Шоҳидон мегӯянд, ӯ пешниҳоди роҳбари Афғонистон шуданро борҳо рад карда буд, валезери фишори мушовиронаш аз Москва ноилоҷқабул кардааст.

Соли 1992 Наҷибулло дар намояндагии СММ паноҳандагӣ гирифт. Дар ин миён, Кобулро муҷоҳидон тақсим ва баробари ишғоли пойтахт бо якдигар ҷангро оғоз карданд.

Маълум шуд, Наҷибулло, ки Ғарб ӯро то он вақт диктатор меномид, дар асл бо ростқавлӣ кӯшидааст бо ҳама аҳди сулҳбандад, аҳзоби мухолифро қонунӣ кунад, онҳоро ба ҳукумат роҳ диҳад, аммо ин ҳама барои гурӯҳакҳои ришдори аз кӯҳҳо фаромада кифоя набуд. Бо ин сабаб,демократтарин пешвои Афғонистон ҳам аз қудрат барканор шуда, мухолифони мусаллаҳба қудрат расида, кишварро ба минтақаҳо тақсим ва дар ҳар яке низоми диктатурии хоси ҳамон маҳалро ҷорӣ карданд.

Кашмакаши ин неруҳо муддати 4 сол давом кард, Наҷибулло, ки аз саҳнаи сиёсӣ берун рафта буд, фақат дар кунҷи хотираҳо монд, то вақте ки соли 1996 неруе бо номи Толибон ба Кобул нарасид. Роҳбарони муҷоҳидони бо ҳам дар набард илоҷе ба ҷуз ба ихтиёри онҳо гузоштаниКобулу дигар минтақаҳои Афғонистон надоштанд. Толибон аз ҳамон оғози таъсис иборат аз ҷавонони душман ба ҳар гуна дастоварду таҳаввулоти илмию фарҳангӣ, ки гуфта мешавад, устодони покистонӣ ва амрикоӣ дар тӯли солҳо дар зеҳнашон ворид намуда, онҳоро бо эҳсоси нафрат ба ҳар падидаи низоми дунявӣ, ки  тӯли солҳо дар Афғонистон шакл гирифта буд, тарбия кардаанд. Пас аз хуруҷи неруҳои Шуравӣ, ҷонибдорони ин низом дар асл ба ҳоли худ гузошта шуданд. Ҳаюлое бо номи Толибон дар ҳамон сол вориди Кобул шуду пирӯзиашро эълон кард ва ҳукумати онҳо то рӯзе давом дошт, ки 11 сентябри соли 2001 дар Ню -Йорк ҳамлае боистифода аз 4 ҳавопаймои мусофирбар ба манораҳои Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ сурат нагирифт.

Ҳамон неруе, ки баъдтар дар ин ҳамлаи террористӣ гунаҳкор ва бадном шуд,  соли1996 ба Кобул омад. Барои саркардаҳои ин ҷунбиш  роҳбаронигурӯҳҳои пешинаи муҷоҳидон, ки ҳар яке зери парчами созмоне боистифода аз вожаи исломӣ амал мекарданд, дар амри риоя ва иҷрои шариати исломӣ аз ҳад зиёд муътадил ва амалҳояшон ғайриисломӣ буд. Бо сабаби дарки пайомадҳои нохуб роҳбарони гурӯҳҳое, ки 4 сол пеш фотеҳона ва бо шӯру валвала вориди пойтахт шуданд, ҳар кӣ ба ҳар сӯ гурехт.

Фақат доктор Наҷиб - охирин сарвари як кишвари муттаҳиди аз сӯйи онҳо аз мақомаш  барканоршуда,дар паноҳгоҳи худ-бинои намояндагии СММ дар Кобул бимонд.

Дар гузоришҳои  марбути ин давра омадааст, ки ростгӯтарин  аз раҳбарони муҷоҳидон - Аҳмадшоҳи Масъуд замони аз шаҳр берун бурдани неруҳояш ӯро ба якҷоя рафтан даъват кард, аммо Наҷибулло ин пешниҳодро напазирфт. ӯ шояд намехост дар ҷои нав гаравгон шавад ё то охирин лаҳзаҳо шояд бовар ва умедворӣ дошт, ки Толибон (ки мисли ӯ, аз қавми паштунҳастанд )ба ӯ кордор намешаванд ва раҳмаш мекунанд. Аммо чунин нашуд. Толибон ба мақоми  дахлнопазирии дипломатии намояндагии СММ буданаш ҳам эътибор надоданд. Аҷал дар либоси Толибон шаб ба ҷустуҷӯяш омад ва қотилон ӯро бо бародараш Аҳмадзайягона шахси ҳамроҳаш дастгир карданд. Наҷибулло, ки як марди ҷисман қавӣ буд, бебокона ба сӯйи қотилон шитофт, ҳатто тавонист яке аз онҳоро халъи силоҳ кунад, аммо неруҳо нобаробар буд. Толибон Муҳаммад ва Аҳмадзайро баста, аз бинои намояндагии СММ берун бурданд ва чанд соат бераҳмона азобашон доданд. Ҳамин неруҳои акнун бори дигар дар Афғонистон ба қудратрасида буданд, кипрезиденти пешини Афғонистонро аз пойҳояш дар пушти мошин баста, мисли сайди шикоршуда рӯйи замин овезон то аламашонро баровардан,дар ҷодаҳои шаҳр ба ҳар сӯе кашиданд. Сипас,ҷасади харобшудаи Наҷибро дар яке аз хиёбонҳои Кобул ба сутуни чароғаки роҳ овезон карданд ва он чанд рӯз нишоне аз бераҳмии ин ҷунбиш дар пойтахти Афғонистон буд.

Сарнавишти шахсе, ки то охирин соати дар қудрат будан,аз сулҳ ва ваҳдати қавмҳои афғон сухан мегуфт, бо ин фоҷеа ба поён расид. Дар рӯзҳои 25-солагии маргаш дар интернет наворисуханрониаш дар ҷаласае гузошта шуд. Аз рӯйи мазмун он марбути соли охири роҳбариаш аст. Барои дарки эҳсосот ва самимияте, ки дар паём ҳаст, онро бо садои худи ин шахсияти сиёсии Афғонистон бояд шунид. Аммо бовар дорам, матни он ҳам барои ошноӣ бо авзои он рӯзҳо ва шинохти рӯйдодҳои имрӯзи Афғонистоназ аҳамият холӣ нест.

Аз паёми Наҷибулло ба сарони қавму миллиятҳо:

«…Ва гуфтанд, ки Шуравиҳо ба инҷо омаданд, мо ҷиҳод кардем. Шуравӣ биравад, ҷангро хатм мекунем. Инак Шуравиҳо аз кишвар рухсат шуданд (вале муқовимат, ҷангу хунрезиҳо идома дорад)…

Барои ман дар хатҳо навишта буданд, ки афғонияти худро ба анҷом бирасон.  Боз мо ҳам қавли афғонияти худро ба ту метем (медиҳем) Ма, ки қавли афғонияти худро анҷом додем, ҳоло куҷо шуд қавли афғонияти инҳо? Хуб, Шуравиҳо ҳам (аз Афғонистон) баромаданд. Ҳолӣ саволи сеюм матраҳ аст, ки Наҷиб ин чавкиро барои мо ило бита. Ҳар вақте чавкиро ило кард, ана ҳамон рӯз сулҳ меояд.

Ҳуб, бародарони азиз, пас ин кулли ҷанг ба зарфи 11 сол, ки яку ним миллиюн кушта дод, як миллиюну 300 ҳазор маълулу захмӣ гузошт, ин ҳама ба хотири як курсӣ буд? Хуб, ин ҳамаро аз аввал мегуфтед.

Барои ман савол  пайдо меша, барои шумо ҳам ин савол пайдо шава, роҷеъ ба салоҳияти ин сарони танзимҳо (гурӯҳҳо) як саволияи калон бигзорем. Чанд рӯз қабл яке аз сарони ин танзимҳо гуфт (фаҳмидам, ки аз роҳи дигар натавонистанд қудратро бигиранд, на Ҷалолободро гирифтанд, на Хустро гирифтанд, на Қандаҳорро гирифтанд, на кадом ҷойи дигарро ба даст наоварданд), ҳоло дастдароз карданд, ба тарафи кӣ? Ба тарафи Шуравиҳо. Аз Шуравиҳо яке аз сарони танзимҳо тақозо мекунад, ки Наҷибро бихоҳед, шояд дар ахбор ҳам шунида бошед, ки аз Наҷиб бихоҳед чавкиро ило бикуна, ба мо ин қудратро таслим кун. Қазовати инро ба шумо месупорем.

Бо ман музокира намекунанд, ки ин дастнишондаи Шуравист, тарафдори Шуравист, вале худ даст дароз мекунанд, аз унҳо гадоӣ  мекунанд, қудратмехоҳанд. Мегӯянд, моро ба курсӣ биншон ба ҷойи Наҷиб. Аз қавли худи эшон, аз дӯстони ғарбӣ ҳам чунин тақозо кардаанд, то онҳоро ба қудрат расонанд. Ина ҳолӣ қазовата ба шумо месупорем.

Кобул, пойтахти кишвари шумо ҳам ҳаст, ҳоло пойтахтатонро  ба хок яксон насозед ва мардуми онро ба зери поятон ба қатлу қитол – кушторҳои бераҳмона ва пур аз қасоват нобуд накунед. Заминаи музокирот бо қумондонҳо ва давлат омода гардад. Ман тақозо мекунум, ки ҳами қумондонҳоро (бо даъват) аз тариқи радио ва телевизион… замонат мекунум, ҳеҷ гапе воқеъ намешавад. Ҷаҳон онҳоро мешунавад, мардуми афғон инро хоҳад шунид, агар мӯйи сари яке худое нахоста, кам шава, дар ин ҷо бадноми таърих мешам,  ма сиёсати худро бадном намекунум, ки оштиро эъдом карда бошум, мисли он нафароне, ки дар таърих ба мардум қасам ёд мекарданд ва Қуръон имзо мекарданд, вале боз мардумро мехостанд ва инҷо мекуштанд.

Бо замонат инҷо биёянд, бо эҳтироми музокирот оянд. Муҳим нест, ки ба натиҷае, тасмиме бирасем, мо таслими онҳоро намехоҳем, намегӯем, ки силоҳ ба замин бигзоред. Барои мусолимат оянд, ба ҳайси як нерӯи бо мо мусовӣ (баробари мо) менишинанд ва суҳбат мекунанд. На ба хотири онки биёянду узрхоҳӣ карда бошанд, ҳеҷ!

Ба сари масоиливатанию мардумии худ суҳбат мекунем, ки чӣ масъулиятҳои бузургу азими таърихӣ дар ин даврони ҳассосу душвор ва мусибатбори пур аз ғаму андуҳи мардуми Афғонистон бар уҳдаи мо гузошта шудааст. Биёянд,маслиҳат мекунем, ки дар чунин як маҷлис ё ҷойи дигар зону ба зону менишинему суҳбат мекунем, ки роҳи мушилиро пайдо бикунем. На танҳо бо иртиботи онҳо, балки дар иртибот ба ҷамъии масоили куллии ватанӣ, дар иртибот ба Ҳукумати марказиву ҳукуматҳоимаҳаллӣ дар ҳар вилоят,дар умуми кишвар суҳбат анҷом медиҳем. Ин аст назариёти ман, кадомаш ба зиёни шумост, худое нахоста? Кадом яке обрӯю иззати шуморо поин меорад? Кадоме ба хайри саломати шумо нест?

Бо иҷрои ин гапҳо бадномии мо ба хости Худо нек мешавад, агар на, бори осмонро болои шонаҳоям бигзоред, ман барои бардоштанаш ҳозир ҳастум.

Ҳидояту дастурро бояд мардум бита, на ҳуком, салотин ва  подшоҳҳо.  Шояд фикр мекунанд,мардуми афғон вуҷуд надошта бошад? Барои ман, арзишу қимати лаълу ҷавоҳиру лоҷуварду зевару зинати ин ватан, шумо  мардуми ман ҳастед. Аз и хотир, то ҷое, ки ба ман вазифа ва масуният мегузоред, умедвор ҳастум, ки аз иҷрои ин вазоиф дар ин лаҳазоти хатир ва душвор берун бароюм ва хидмати шуморо анҷом дода бошум.

Азизу дилбанду фарзанди худро аз байн бурдан, ба ғаму андуҳ ва нолаву фарёди мардум ва модарон ҳукумат кардан ва дар охираш бигӯем, ки мо ҷиҳод кардем, мо ҷангро бурдем, пирӯз шудем? Ман намегӯм, ки байни мо саломату маломате вуҷуд надорад. Магар вақте мо Шуравиро гуфтем, ки аз ин ҷо берун биравад, пас ту ҳам покистониро иҷозат нате дигар, арабиро иҷозат надеҳ инҷо, ҷенероли америкоӣ, мушовири америкоиро бо худ инҷо набиёр. Мешинем, бо ҳам зону ба зону музокира мекунем.  Ё ту маломат мешӣ, ё ман. Агар ма, руфақои ма ва ҳизби ман маломат шаванд,ҳозир ба ҳар гуна сарзаниш ва тавба ҳастем. Агар дигарон маломат шаванд, бояд чунин кореро кунанд.

Агар инро ҳам намехоҳед, сари тамоми кудуратҳо ва душманиҳо санги бузург мегузорем, барои ин ки боло кардани кудурату ҳисобу мубоҳисот ҷанги моро ҳаллу фасл  намекунад. Аз сари нав бар сари сулҳу сафову самимият хидмати якдигар мекунем то хидматгори мардуми худ бошем.

Ю. Солеҳ

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.