МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба Рӯзи таъсисёбии милитсия тоҷик маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

20211109_101936.jpgДар ин маҷлис раиси ноҳия Бадриддин Садриддинзода ҳайати шахсии кормандони ШВКД дар ноҳия, собиқадорони соҳа ва тамоми сокинонро ба муносибати иди касбии ҳомиёни тартиботи ҷамъиятӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки кормандони милитсияи тоҷик дар даврони истиқлолият тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри сипаришуда вазифаҳои ба уҳдаи онҳо гузошташударо бошарафона иҷро карданд ва якҷо бо ҷузъу томҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд.

20211109_101211.jpgДар идомаи маҷлис сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия полковники милитсия Зафар Сайфуллозода сухан намуда, қайд кард, ки фаъолияти мақомоти милитсия дар якҷоягӣ бо сохторҳои қудратӣ ва мақомоти иҷороияи ҳокимияти давлатӣ самарабахш гардида, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ саҳми якҷояи сохторҳои мазкур басо назаррас мебошад.

IMG_6272.JPGСипас аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба роҳбарият ва ҳайати шахсии ШВКД дар ноҳия барои хизматҳои софдилона дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва фаъолияти назаррас туҳфаҳои хотиравоӣ ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Инчунин раиси ноҳия ва роҳбарони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия барои ҳамкориҳои самимӣ дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун бо ифтихорномаи шуъбаи Вазорати корҳои дохлӣ дар ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷоми чорабнинӣ бахши фарҳанги ноҳия барои ҳозирин барномаи ҷолиби консертиро пешниҳод намуд.

IMG_6237.JPGГуфта мешавад дар арафаи таҷлили иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба оилаҳои 5 нафар корманди милитсия, ки дар вақти адои вазифа фавтидаанд ва ба 68 нафар собиқадарони соҳа аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кумаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.20211109_110912_0.jpg

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.