ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН САДРИДДИНЗОДА БАДРИДДИН ТАЛБАК БА МУНОСИБАТИ “РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК”

Тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳияро ба муносибати ҷашни касбии милитсияи тоҷик табрик гуфта, ба кулли ҳайати шахсӣ саломатӣ ва дар фаъолияти хизматиашон комёбиҳо орзу менамоям.

Таҷлили рӯзи касбии кормандони милитсия дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки мардуми шарафманду сарбаланд ва тамаддунофари кишварамон, маъракаи муҳиму таърихӣ ва муқаддас ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана таҷлил намуда, бори дигар якдилию ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагию муттаҳидии худро зери роҳбарии фарзанди фарзонаи ин миллати бонангу номус, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит намуданд.

Кормандони далеру шуҷои милитсияи тоҷик дар ин давра аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузашта, дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа аз худ садоқат, далерӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва инсондӯстӣ зоҳир намуда, бо баҳои ҷони худ якҷо бо родмардони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат манфиатҳои миллату давлат ва соҳибистиқлоливу соҳибватаниро бо фидокориву ҷоннисорӣ ҳимоя ва таъмин намуданд.

Маҳз матонату устуворӣ, шуҷоату мардонагӣ, ҳисси баланди кордониву масъулиятшиносӣ кормандони милитсияро дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва дастовардаҳои даврони истиқлолият роҳнамоӣ намуда, ба мо имкон фароҳам овардааст, ки имрӯз ин санаи таърихӣ - иди касбии кормандони милитсияро бошукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта, арзу таманиёти хешро дар фазои осоишта ва дӯстиву рафоқат иброз намоем.

Қобили зикр аст, ки милитсияи Тоҷикистон аз замони таъсисёбӣ то ба имрӯз ҳамеша посдори сулҳу субот, оромиву осоиштагии мардум, тартибу низом ва кафили боэътимоди давлату миллат ба шумор меравад ва роҳи пуршарафи он дар солномаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои зарин навишта шудааст. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии худ он доимо дар сафи пеши мубориза баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон истода, анъанаҳои онҳоеро, ки сари гаҳвораи ин ниҳоди муҳими давлатӣ буданд, бошарафона идома медиҳад.

Дар ҷомеа падидаҳои нави ҷинояткорӣ, аз қабили терроризм, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, хариду фурӯши одамон, экстремизми динӣ, ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва маводи мухадир ба вуҷуд омаданд, ки фаъолияти кормандони мақомоти милитсияро боз ҳам вазнинтар мегардонданд.

Маҳз дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони милитсия ва фаъолияти муназзами онҳо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осудагиву суботи кишвар ва тинҷиву амнияти шаҳрвандон таъмин гашта, пеши роҳи содиршавии ҳазорон ҷиноят гирифта шуд, ашхоси ҷинояткор ошкору дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва дар ин замина гузаронидани ислоҳот дар сохтори фаъолияти милитсия як қатор стратегияву барномаҳо, аз ҷумла Стретагияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 – 2020, Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014 – 2020 ва барномаи навбатӣ барои солҳои 2021 – 2025-ро қабул намуда, ин тадбирк барои дар сатҳи нави хизматӣ баровардани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ мусоидат менамоянд.

Мақомоти корҳои дохилӣ яке аз бузургтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад, ки ба зиммаи он доираи васеи вазифаҳо, аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ сар карда, то риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мубориза бар зидди сӯхтор вогузор карда шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён баҳри беҳтар намудани шароити маишӣ ва зисти кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия тамоми чораҳои зарури роҳандозӣ намуда, мушкилоти иҷтимоии онҳоро ҳаллу фасл менамояд.

Вазъияти зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла тавсеа пайдо кардани фаъолияти ташкилоту гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҷой доштани дигар ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо дар ҷомеа хизматчиёни мақомоти корҳои дохилиро водор месозад, ки ҳушёриву зиракӣ ва масъулияти худро боз ҳам дучанд сохта, омодабошии доимии ҳайати шахсиро барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин созанд.

Бори дигар ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилиро бо ҷашни касбиашон табрик гуфта, дар адои вазифаи пуршарафу пурмасъулиятатон ба нафъи давлат ва халқи Тоҷикистони азиз муваффақият орзу намуда, ба хонадони онҳо хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори орому осударо таманно дорам.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.