
Бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсия дар қасри фарҳанги ноҳия чорабинии тантанавӣ ва идона баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин сокинони ноҳияро ба ин муносибат табрик намуда, қайд намуд, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошт. Дар идомаи суханронии худ раиси ноҳия изҳор дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурӣ новобаста аз халқияту миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, маълумот ва ғайра ҳуқуқу озодиҳои баробарро кафолат додаст.
Ҳамчунин ҳозиринро ба муносибати 27-умин солгарди қабули Конститутсия прокурори ноҳия Раҳмонзода Анвар табрик намуда, қайд намуд, ки риояи меъёрҳои Конститутсия, эҳтироми қонун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд буда, барои зиндагии озоду осоишта ва рушди мамлакат заминаи асосӣ мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ барои фаъолиятҳои пурсамар ва натиҷаҳои назаррас ба як қатор шахсони арзанда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи ҷолиби консертӣ чорабиниро ба поён расонид.