ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН САДРИДДИНЗОДА БАДРИДДИН ТАЛБАК БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 6-УМИ НОЯБР

Имрӯз аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сол пур мешавад. Ва ҳамаи мо барои ҷашни 27 солагии ин ҳуҷҷати муҳими сарнавиштсоз, ки асоси зиндагии моро ташкил мекунад ва бахтномаи мо аст, ин ҷо ҷамъ омадаем. Ба муносибати ин санаи муҳим тамоми сокинони ноҳияро самимона табрик мегӯям.

6-уми ноябри соли 1994 дар ҳаёти сиёсии мардуми Тоҷикистон воқеаи муҳиму фараҳбахше рух дод, ки он дар таърихи кишвар саҳифаи наву хотирмонро кушода, дар ҳаёти сокинони ҷумҳурии азизамон гардиши куллиеро ба амал овард. Он рӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ бори аввал бо истифода аз ҳуқуқҳои фитрӣ ва изҳори иродаи хеш аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро қабул намуданд. Инак 27 сол мешавад, ки 6-уми ноябр ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошт.

Дар заминаи Конститутсия бо дарназардошти талаботи замони муосир дар кишвар ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурӣ новобаста аз халқияту миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, маълумот ва ғайра ҳуқуқу озодиҳои баробарро кафолат додаст.

Мардуми ноҳияи Қубодиён низ чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷумхурӣ аз ин кафолатҳои Конститутсия бархурдор мебошанд. Имрӯз тамоми кору бор, фаъолияти мо ба он равона карда шудааст, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандон поймол карда нашавад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҳуқуқу озодиҳои инсонро, ки аз эъломияи ҳуқуқи башар бар меояд, эътироф кард, балки дар боби муайяне ҷой дода, кафолати ҳимояи онҳоро таъмин намуд.

Конститутсияи нав забони тоҷикиро забони давлатӣ эълон намуд, халқро баёнгари сохибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон кард.

Конститутсия шакли идоракунии Президентиро эълон намуд, волоияти меъёрҳои конститутсиониро ба дараҷаи олӣ бардошта, ба он ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба зиммаи халқ гузошт.

Бо дарназардошти заруратҳои сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон ва мутобиқи талаботу пешрафти он се маротиба - солҳои 1999, 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсия тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.

Тағйироту иловаҳо ба Конститутсия ба дақиқ намудани  шакли идоракунӣ, такмили сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти давлатӣ; пурзӯр кардани талабот нисбат ба номзадҳо ба вазифаи Президенти мамлакат, вакилони Парлумон, аъзои Ҳукумат ва судяҳо аз нигоҳи амният ва садоқат ба Ватан; такмили расмиёти қабули қарорҳои алоҳида аз ҷониби мақомоти олии қонунгузор; танзими конститутсионии ваколатҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат; танзими фаъолияти азҳоби сиёсӣ аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои демократӣ ва ризоияту ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа; аз ҷиҳати мантиқӣ, таҳрирӣ ва имлоӣ  равону хонотар кардани матни Конститутсия созгор гардиданд ва онҳо тариқи раъйпурсӣ пазируфта шуданд.

Конститутсияи Тоҷикистон таъмини манфиатҳои тамоми халқияту миллатҳо, динҳо, ривоҷи маданият, забон ва ҳифзи оину суннатҳои онҳоро кафолат медиҳад. Гузашти солҳо собит сохт, ки дар партави Конститутсия ҷомеаи мо дар ҷодаи бунёдкорӣ ва созандагӣ ба комёбиҳои калон соҳиб гашта, собитқадамона дар роҳи бунёди давлати комилҳуқуқу соҳибихтиёр, демокративу дунявӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Имрӯз мо бояд фахр кунем, ки давлати соҳибистиқлоламон соҳиби Конститутсияи худ гардид, аз тарафи созмонҳои мухталифи байналхалқӣ эътироф гардида, то ҳатто мамлакатҳои тараққикардаи дунё ва қонундонҳои ҷаҳон ба он баҳои баланд додаанд.

Дар замони амали ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худ сарварии гурӯҳи кориро оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия ба дӯш доштанд, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат дигаргуниҳои азим ва пешравиҳои назаррас ба амал омаданд.

Боиси шукру ифтихор аст, ки дар 30 соли соҳибистиқлолӣ ноҳияи мо чун яке аз гӯшаҳои Ватани азизамон хеле рушд намуд. Имрӯз сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, ваҳдати комил ва дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои ҷамъиятӣ, вазифаҳои давлатӣ ва ободонию шукуфоии диёру кишварамон ҷаҳду талош меварзанд.

Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки риояи меъёрҳои Конститутсия, эҳтироми қонун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд буда, барои зиндагии озоду осоишта ва рушди мамлакат заминаи асосӣ мебошад.

Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Қубодиён минбаъд низ тавассути эҳтиром ва риояи дақиқи меъёрҳои Конститутсия қарзи шарҳвандии худро сарбаландона адо хоҳанд кард. Зеро эҳтиром, риоя ва ҳифзи Конститутсия кафолати таъмини қонуният, амният ва сулҳу суботи давлат ва ҷомеа мебошад.

Бори дигар бо самимият кулли мардуми шарафманду сарбаланди ноҳияи Қубодиёнро ба ифтихори Рӯзи Конститутсия самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар як сокини ноҳия сулҳу оромӣ, иқболу хушбахтӣ ва файзу баракат таманно дорам.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.