Имрӯз бо иштироки раиси ноҳияи Қубодиён Бадриддин Садриддинзода дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38, воқеъ дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин 4 адад синфхонаи иловагӣ ба истифда дода шуд.
Синфхонаҳои иловагӣ ва утоқи кории омӯзгорон бо дастгирии аҳолии деҳа ва шахсони саховатпеша дар муҳлати кӯтоҳ сохта шуда, бо тамоми лавозимоти дарсӣ, ашёи аёнӣ ва мизу курсӣ таъмин мебошанд. Дар ин синфхонаҳо аслан синҳои ибтидоӣ таълим гирифта ва ороишоти онҳо низ барои хурдсолони муассиса нигаронида шудааст.
Омӯзгорону хонандагон аз ин иқдоми маҳаллаашон ба ғоят хурсанд буда, онро натиҷаи ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мактабу маорифро дар авлавияти сиёсати Ҳукумати кишвар қарор додааст, арзёбӣ менамоянд.
Гуфта мешавад, бо назардошти афзоиши ҳамасолаи қабули хонандагон ба синфи якум ҳар сол дар назди муассисаҳои таълимӣ синфхонаҳои иловагӣ бо дастгирии кумитаи падару модарон, шахсони саховатпеша ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохта ба истифода дода мешаванд.