БОҒЧАИ НАВ ДАРИ ХУДРО БАРОИ КӮДАКОН БОЗ НАМУД

Дар деҳаи Авестои Ҷамоати деҳоти тахти Сангин аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ боғчаи бачагона сохта ба истифода дода шуд.

20211101_104017.jpgДар маросими ифтитоҳи муассисаи томактабии хусусӣ раиси ноҳия Бадриддин Садриддинзода суханронӣ намуда, қайд намуд, ки бунёд гардидани муассисаи томактабӣ новобаста аз шакли моликият, барои ҳарчи бештар фаро гирифтани кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия мусоидат намуда, заминаи омодагии хонандагонро ба муассисаҳои таълимӣ фароҳам месозад.

20211101_104112.jpg“Мо ба соҳибкорони бонангу номуси маҳаллӣ, ки саҳми худро дар пайи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободонӣ ва бунёдкории ватани азизамон дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни сисолагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ менамоем”- гуфт раиси ноҳия.

20211101_104147.jpgМуассисаи томактабии хусусӣ имкони фаро гирифтани 100 кӯдакро дошта, бо таҷҳизоти муосир ва шароити зарурӣ барои истироҳат ва таълиму тарбияи кӯдакон муҷаҳҳаз буда, имкони фаро гирифтани кӯдакони деҳаҳои атрофро ба таълиму тарбия дорад. Бо бунёд гардидани боғчаи кӯдакона наврасони деҳоти Тахти Сангин имкони пайдо мекунанд, ки заминаи таълимро дар он барои омодагӣ ба муассисаҳои таълимӣ ба даст оранд.

Гуфта мешавад, ин дуввумин боғчаи хусусӣ дар ҳудуди ноҳия аст, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд мегардад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.