ИЗҲОРОТ аз рӯи натиҷаи Ҷаласаи хадамоти махсуси Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон

ДУШАНБЕ, 20.10.2021. /АМИТ «Ховар»/.20 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи хадамоти махсуси Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд.
Ҷонибҳо вазъи мураккаби Афғонистонро, ки онҷо амалҳои террористӣ ва дигар амалҳои хушунатомез идома доранд ва боиси қурбонии зиёди одамон мешаванд, зикр намуданд.
Дар робита ба мураккабии равандҳои дар кишвар рухдода, тамоюли ҷалби намояндагони ҷавонони миллатҳои гуногун ба созмонҳои байналмилалии террористӣ ба назар мерасад.
Созмонҳои байналмилалии террористӣ барои мавҷудияти давлатдорӣ дар Афғонистон хатар эҷод мекунанд.
Иштирокдорони Ҷаласа аҳамият ва зарурати ташкили ҳукумати фарогирро бо назардошти манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ, иҷтимоӣ ва конфессионалӣ зикр мекунанд.
Бо мақсади ба эътидол даровардани вазъияти Афғонистон имконияти ташкилоти байналмилалие, ки иштирокчиёни ҷаласа узви онҳо мебошанд, истифода бурда шавад.
Иштирокдорони Ҷаласа аз созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои манфиатдор даъват мекунанд, ки дар ҳалли мушкилоти Афғонистон равиши ягона таҳия кунанд, кӯшишҳоеро, ки баҳри барқарорсозии тартиботи ҳуқуқӣ дар ин кишвар, таъсиси ҳукумати фарогир, пешгирии шиддати минбаъдаи хушунат ва муборизаи якҷоя бар зидди терроризми байналмилалӣ равона гардидаанд, дастгирӣ намоянд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.