Вохӯрии муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода бо фаъолони ноҳия

Субҳи имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳия вохӯрии муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода бо масъулон ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, №246 Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ баррасӣ гардид. Қай карда шуд, ки шароити имрӯза дар қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба тамоми талаботи меъёрҳо ҷавобгӯ буда, барои ҷавонони ватандӯст мактаби мардонагӣ ва далерию шуҷоатӣ арзёбӣ мегардад.

20211015_080938_resized.jpgҲамчунин дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Содиқ Аминҷонов бобати тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ сухан намуда, талаботҳои нави қонунро ба ҳозирин шарҳ дод.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.