Субҳи имрӯз дар варзишгоҳи марказии ноҳия маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Ба ин муносибат ҷамъомади тантанавӣ ва чорабинии фарҳангӣ доир карда шуда, дар он масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва наздикону пайвандони наваскарон иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ раиси ноҳия Бадриддин Садриддинзода сухан намуда, изҳор дошт, ки сафҳои Артиши миллӣ натанҳо ҷойи адо кардани қарзи фарзандӣ, балки мактаби камолоти инсонӣ ва шуҷоати мардонагӣ буда, маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт - дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.
Раиси ноҳия дар идомаи суханронии худ қайд намуд, ки ҷавонон заминаи боэътимоди муҳофизат аз Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд. “Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки мардум, падару модарон ва хоҳару бародарони мо дар симои ҳар яки Шумо ҳомиёни воқеии Ватан, муҳофизони сарзамин ва марзу буми аҷдодиро мебинанд ва боварӣ доранд, ки Шумо ҳамеша ба иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи Ватан - модар ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омода ҳастед.
Мо ифтихор аз Шумо ва волидони Шумо дорем ва барои Шумо ҷавонмардони шуҷоъ, родмардони ватандӯсту ватанхоҳ аҳсан мегӯем! Бигузор амалу рафтори имрӯзаи Шумо барои ҳазорон нафар ҷавонони ноҳия дарси ибрат бошад”-изҳор дошт раиси ноҳия.
Дар охир раиси ноҳия ба наваскарон дар роҳи адои қарзи шаҳрвандӣ барору кушоиш таманно намуда, зикр намуд, ки сокинони ноҳияи Қубодиён бо ҷавонони ҷасуру далер, пайравони воқеии сиёсати пойбарҷои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор доранд.
Дар идома даъватшавандагон ва модарони онҳо ба суха баромада, изҳор доштанд, ки хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, онро мактаби мардонагӣ ва таҷрибаи зиндагӣ унвон намуданд. Қайд гардид, ки шароити имрӯза дар Артиши миллӣ дар сатҳи хуб қарор дошта, тамоми имкониятҳои зарурӣ мавҷуд мебошанд.
Гуфта мешавад, ки баҳри дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ баргузор намудани даъвати тирамоҳии ҷавонон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои соҳибкасб намудани ҷавонони синни даъватӣ тамоми чораву тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, айни замон дар маҷмӯъ 65 нафар ҷавонон, ки аз ин шумора 40 нафар бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, 15 нафар бо дастгирии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши курсҳои ронандагӣ ва 11 нафар аз тарафи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия ба омӯзиши кафшергарӣ фаро гирифта шуданд.
Дар воқеъ ин иқдом барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ ва соҳибкасб гардидани ҷавонон дар оянда мусоидат намда, минбаъд низ барои фарогирии бештари ҷавонон ба курсҳои омӯзишӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чораҳои иловагӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Ҳамчунин бо мақсади қадрдонии волидон ҷиҳати тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва ихтиёран ҳозир шудани фарзандонашон дар Комиссариати ҳарбӣ ба модарони наваскарон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Сипас, тибқи анъана маросими гулчагазон бо иштироки падару модарон ва наздикону пайвандони даъватшавандагон баргузор гардида, бахши фарҳанги ноҳия барои ҳозирин барномаи ҷолиби консертиро пешниҳод намуд.