Тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати иди саиди Қурбон сидқан табрик гуфта, ба ҳар як хонадон аз даргоҳи Парвардигор сулҳу амонӣ ва файзу баракат орзу менамоям.
Иди мубораки Қурбон дар фарҳанги исломӣ ҷойгоҳи хоса дошта, аз ҷумлаи қадимтарин ва азизтарин маросими суннатии мусулмонон ба ҳисоб меравад.
Зеро ҷавҳари он аз ормонҳои башардӯстиву шафқат иборат мебошад.
Таълимоти дини мубини ислом саршор аз андешаву афкори созандаву офаранда, накӯиву зебоӣ ва покиву озодагӣ мебошад. Дар ин рӯзи саид мардум бо рӯҳияи болида ва бо шукргузорӣ аз зиндагии пурсаодати имрӯза ба аёдати ҳамдигар рафта, аз ҳоли эҳтиёҷмандон хабар мегиранд, барои изҳори таъзия ба хонаводаи азодорон мераванд ва ба хотири гузаштагон дуо мекунанд.
Иди Қурбон таҷассумгари садоқату фидокории муъминон дар назди Худованд буда, ҳамзамон бо ин, саршор аз фазилатҳои меҳру саховат ва ҳимматбаландӣ мебошад. Маънӣ ва фалсафаи иди Қурбон ба қадри якдигар расидан, ҳурмату эҳтироми якдигарро ба ҷо овардан ва бо ҳамдигар наздик будан аст.
Имрӯз аз баракати истиқлолияти давлатӣ ва талошҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварамон дар баробари дигар ҳуқуқу озодиҳо аз озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ пурра баҳравар мебошанд.
Мардум дар рӯзи ин иди муборак ба анҷоми амалҳои хайр даст мезананд, аз ҷумла ба аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд ва ба хешу наздикон саломативу хонаободӣ, бахту саодат ва ба ҷомеаву давлати худ суботу оромӣ орзу мекунанд.
Бинобар ин моро зарур аст, ки аз исрофкориву изофакорӣ ва сарфу харҷҳои беҳуда худдорӣ намуда, оину суннатҳои неки воқеии ин идро ба ҷо оварда, бо дастархони табиӣ ва чеҳраҳои бозу дили гарм ин идро пешвоз гирем.
Бахусус, муқовимат бо коронавирус, ки ба мушкилоти ҷиддии ҳаёти аҳли башар табдил ёфтааст ва пешгирӣ кардани сирояту паҳншавии минбаъдаи он қарз ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як инсон мебошад ва ҳар як фард бояд вазифаи худро бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа софдилона иҷро намояд.
Бинобар ин, дар айёми таҷлили иди саиди Қурбон қоидаву тавсияҳои Вазорати тандурустии мамлакат ва дигар санадҳои аз тарафи Ҳукумати кишвар бо мақсади пешгирӣ намудани густариши сирояти коронавирус қабулшударо қатъиян риоя кардан бевосита ба манфиати мардум, саломативу ҳаёти ҳар як шахс ва ҳам мутобиқ ба ҷавҳари таълимоти башардӯстонаи дини ислом мебошад.
Дар чунин давраҳои мушкил мардум бояд нисбат ба ҳар вақти дигар эҳтиёткору ҳушёр бошанд, ба риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд, ба ҳамдигар, аъзои оила, хешу табор, наздикону ҳамсояҳо меҳрубониву ғамхорӣ зоҳир намоянд ва хусусан, дастгирии ятимону маъюбон, камбизоатҳо ва оилаҳои азодорро фаромӯш накунанд.
Аз ин рӯ, ҳар яки мо ҳамчун пайравони дини поку мубини ислом, бояд дар ин рӯзи саид бо андешаву нияти нек барои Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон сулҳу субот, амнияту ободӣ, рушди устувор ва барои мардуми он хушҳоливу хушбахтӣ ва зиндагии орому осударо сидқан орзу намоем.