ВОХӮРӢ БО МАШВАРАТЧИЁНИ СУДӢ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии раиси суди ноҳия бо машваратчиёни халқии судии вилоятӣ ва ноҳиявӣ аз ноҳия баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ судияҳои суди ноҳия Абдураҳим Назариён ва Саймаҳмуд Гулзода баромад намуда, оид ба ҳуқуқу уҳдадориҳои машваратчиёни халқӣ зимни мурофиаҳои судӣ ва тарзи иштироки онҳо дар мурофиаҳои маълумот ироа намуданд.

Мамарасулзода Саидҷаъфар, раиси суди ноҳия зимни суханронӣ иброз дошт, ки баъзе аз машваратчиёни халқӣ нисбат ба парвандаҳо ва мурофиаҳо бетафовутӣ зоҳир намуда, дар мурофиаҳо ғайрифаъол иштирок менамоянд. Ба гуфтаи вай машваратчиёни халқи зимни баррасии парвандаҳо дар мурофиаи судӣ баробари судяҳо мавқеъ доранд, бмнобар ин, барои машваратчиён зарур аст, ки дар ҳалли сарнавишти парвандаҳо, алахусус судшавандаҳо бетафовут набошанд

20180417_094233.jpgДар рафти вохӯрӣ машваратчиёни халқӣ доир ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти машвартчии халқӣ ба раиси суди ноҳия савол дода, ба худ посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

 

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.