11 июли соли 2021 дар яке аз толорҳои бинои воқеъ дар кӯчаи Надеждинская 20--и шаҳри Екатеринбург бо иштироки Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Зафар Сайидзода, имоми масҷиди воқеъ дар кӯчаи Павел Бажови ш.Екатеринбург Ҳоҷӣ Муҳаммадюсуф Сандалов ва имомхатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Қубодиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайниддин Қаршиев бо фаъолони диаспораи тоҷикистониёни муқими шаҳри Екатеринбург (35 нафар) оид ба мавзӯъҳои дастовардҳои даврони истиқлоли давлатии кишвари мо, аз ҷумла дар арсаи муносиботи давлат ва ташкилоту муассисаҳои таълимии динӣ, зарурати тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию давлатсолорӣ, муқовимату назари интиқодӣ нисбат ба гурӯҳҳои зиддидавлатии ба ном исломгаро, таҳкими субботу равандҳои созандагӣ дар Тоҷикистон, густариши худшиносӣ ва арзишҳои ахлоқи ҳамида бар асоси суннатҳои беҳтарини миллӣ ва саҳифаҳои волои таърихи кишвар гуфтугӯйи судманди муфассал доир гардид.
Зимни вохӯрӣ вобаста ба вазъи бӯҳрони сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷавонон даъват карда шуд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро нигоҳ дошта, фирефтаи найранги гуруҳҳои ифротӣ нагарданд.
Зайниддин Қарчиев,
сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳия