Худодод ЗАЙНИДДИН, "Оинаи Рашт" ЗАРАРДИДАГОН ТАНҲО НАМЕМОНАНД

Зилзилаи шадиде, ки имрӯз, соати 7,30-и субҳ дар кишвар ба вуқӯъ пайваст, дар минтақаи Рашт якчанд хонаҳои истиқоматӣ ва аҳолиро зарари моддиву ҷонӣ расонд.

Раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ва Фақерзода Қадриддин фавран ба Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи телефонӣ суҳбат намуда, оид ба хисороти овардаи зилзила ҳисобот манзур намуданд.

Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бартараф кардани зарари он ситоди фаврӣ таъсис дода шуда, раиси Маҷлиси намонядагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир, директори Агентии захираҳои давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Нурмаҳмад Ато ва дигар масъулини мақомоти дахлдори кишвар ба минтақа омаданд.

Масъулини Ҳукумати кишвар дар якҷоягӣ бо раисони ноҳияҳо ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хонаҳои зарардидагон рафта, изҳори тасалият иброз доштанд ва барои бартараф кардани  зарари офати табиӣ, инчунин дастгирии зарардидагон то ҳол кор бурда истодаанд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.