Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки раиси ноҳия Садриддинзода Бадриддин ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар арафаи ин ҷашни таърихӣ се адад бунгоҳи тиббӣ, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №20, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Заркамар ва нуқтаи шустушӯи мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, иншоотҳои мазкур бо тамоми таҷҳизоти нави зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Ба истифода додани иншоотҳои мазкур дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сурат гирифта, барои беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон дар маҳал бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорону саховатпешагон равона гардидаанд.
Дар рафти баистифодадиҳии иншоотҳо раиси ноҳия Садриддинзода Бадриддин изҳор дошт, ки сокинони ноҳияи Қубодиён бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва бо азму иродаи қавӣ баҳри сазовор ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Иди Ваҳдати миллӣ ҳамаҷониба омодагӣ дида, имрӯзҳо дар сартосари ноҳия корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ ба ифтихори ин ҷашни фархунда ва дигар санаҳои муҳими таърихии кишварамон бо маром идома дорад. Ба ифтихори ин санаи таърихӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон ин иншоотҳо ба истифода дода шуданд.
Мавриди истифода қарор додани ин иншоотҳо идомаи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, то фаро расидани ин санаи муҳим корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром идома меёбанд.