ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯ

Бахшида ба 24-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар қасри фарҳанги ноҳия маҷлиси тантанавӣ ва идона баргузор гардид.

20210626_084046.jpgДар рафти маҷлис раиси ноҳия Садридинзода Бадриддин тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати фарорасии ин ҷашни фархунда табрик намуда, изҳор дошт, ки санаи 27-уми июни соли 1997 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди бузурге ба амал омад, ки минбаъд тақдири мардуми тоҷикро комилан дигаргун карда, ҳамчун оғози марҳилаи наҷот, худсозӣ, худафрӯзӣ ва саодати халқ дар сафҳаи хотираҳо сабт гардид. Дар ин рӯзи хуҷаста пас аз талошу пайкорҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Певои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Имзои ин ҳуҷҷати сарнавишсоз дар кишвари азизамон ба ҷанги нангину хунини шаҳрвандӣ поён бахшид ва сулҳу ваҳдати бардавомро таъмин кард.

20210626_084136.jpgДар идома раиси ноҳия иброз намуд, ки заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ва ҷоннисориҳои Пешвои миллат дар рафти барқарорзосии сулҳу ваҳдат миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз вартаи нестшавӣ наҷот дода, ба ин сарзамини куҳанбунёд ва халқи соҳибтамаддун умри дубора ва роҳи инкишофро эҳдо намуд.

Бинобар ин, гуфта метавон, ки имрӯз кишвари мо аз файзу баракати Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанони мо торафт таҳкиму густариш меёбад.

Дар чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Имомназар иштирок ва суханронӣ намуда, паёми табрикотии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи сокинони ноҳия расонид.

206227415_1157272361457724_4159670370672940967_n.jpgҲамчунин бахшида ба ин сана дар саҳни қасри фарҳанги ноҳия ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллиро доир намуда, фазои идонаи ноҳияро боз ҳам рангинтар намуданд.

Дар поёни чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертиро пешниҳоди ҳозирин карданд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.