Сухани табрикотии раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин Талбак ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ин лаҳзаҳо, ки ҳамаи мо дар остонаи ҷашни мубораки миллиамон – Рӯзи ваҳдати миллӣ қарор дорем, тамоми мардуми шарифи ноҳияи Қубодиёнро ба ифтихори ин санаи таърихӣ самимона табрик мегӯям.

Ба сокинони ноҳия хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар роҳи таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ки асоси хушбахтии сокинони мамлакат ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон ба ҳисоб меравад, барору комёбӣ орзу менамоям.

Санаи 27-уми июни соли 1997 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди бузурге ба амал омад, ки минбаъд тақдири мардуми тоҷикро комилан дигаргун карда, ҳамчун оғози марҳилаи наҷот, худсозӣ, худафрӯзӣ ва саодати халқ дар сафҳаи хотираҳо сабт гардид. Дар ин рӯзи хуҷаста пас аз талошу пайкорҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Певои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Имзои ин ҳуҷҷати сарнавишсоз дар кишвари азизамон ба ҷанги нангину хунини шаҳрвандӣ поён бахшид ва сулҳу ваҳдати бардавомро таъмин кард.

Заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ва ҷоннисориҳои Пешвои миллат дар рафти барқарорзосии сулҳу ваҳдат миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз вартаи нестшавӣ наҷот дода, ба ин сарзамини куҳанбунёд ва халқи соҳибтамаддун умри дубора ва роҳи инкишофро эҳдо намуд.

Азми қатъӣ ва роҳи пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлат аз ҷониби мардум самимона дастгирӣ ёфт ва дар натиҷаи саъйю талоши шабонарӯзӣ ва музокироти тӯлонӣ 27 июни соли 1997, яъне бисту чор сол қабл, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Бо имзо шудани ин созишномаи тақдирсоз дар Тоҷикистон марҳилаи ниҳоят душвору нооромии даврони истиқлолияти кишвар паси сар монда, саҳифаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид.

Санади тақдирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, рамзи иттиҳоду ягонагии мардум, рамзи пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, моро ба кохи бегазанди Ваҳдати миллӣ расонид ва роҳи ояндаро ба сӯи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ оғоз кард.

Мо ҳама шоҳиди он ҳастем, ки солҳои охир дар як қатор минтақаву кишварҳои олам бо сабаби муноқишаҳои дохилӣ ва дахолати доираҳои манфиатдор одамон ба мушкилоти сангин ва ихтилофҳои мазҳабиву мафкуравӣ гирифтор шуда, ин раванди ҳалокатбор боиси фавти садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта, тарки ватан кардани миллионҳо нафар, аз рушду инкишоф бозмондани давлатҳо ва ҳатто аз байн рафтани аркони давлатдорӣ гардидааст.

Дар чунин вазъ давлати мо, ки оқибатҳои фоҷиабори чунин зуҳуротро аз сар гузаронидааст, ҳамеша ҷонибдори сулҳ дар тамоми сайёра буда, дар минбарҳои баланд аз ҷомеаи ҷаҳон низ даъват менамояд, ки барои бартарафсозии низоъҳои харобиовар ва таъмини суботу амният дастаҷамъона талош варзанд ва музокираву мусолиҳаро ҳамчун воситаи муҳимтарини ҳалли ҳар гуна мухолифату низоъ ва ҷангу хунрезӣ васеъ истифода намоянд.

Дар барбари ин, моро зарур аст, ки барои ҳифз ва пойдории ваҳдати миллӣ дар замири насли наврас аҳамияти вуҷуди ваҳдатро ҷой намуда, баҳри тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ талош намоем.

Имсол 24-умин солгарди иди Ваҳдати миллӣ ба ҷашни таърихии миллат – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ рост омада, фазои кишварамон аз руҳияи идона ва болидахотирии сокинон танинандоз мебошад.

Сокинони ноҳияи Қубодиён бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва бо азму иродаи қавӣ баҳри сазовор ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Иди Ваҳдати миллӣ ҳамаҷониба омодагӣ дида, имрӯзҳо дар сартосари ноҳия корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ ба ифтихори ин ҷашни фархунда ва дигар санаҳои муҳими таърихии кишварамон бо маром идома дорад. Ба ифтихори ин санаи таърихӣ бо дастгирии соҳибкорон як қатор иншооти иҷтимоӣ ва маишӣ ба истифода дода мешаванд. Мавриди истифода қарор додани ин иншоотҳо идомаи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, то фаро расидани ин санаи муҳим корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром идома меёбанд.

Бинобар ин, гуфта метавон, ки имрӯз кишвари мо аз файзу баракати Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанони мо торафт таҳкиму густариш меёбад.

Инак 24 сол мешавад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар муҳити сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ зиндагӣ намуда, бо меҳнати бунёдкоронаю фидокорона баҳри ободию шукуфоии Ватани азизамон машғуланд.

Бо эҳтиром ва ифтихори бузург ҳамаи сокинони ноҳияро бори дигар ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, таманнои он дорам, ки эҳсоси баланди ватандорӣ, нангу номуси миллӣ ва ифтихор аз муқаддасиву пойдории Ваҳдати халқи азизамон ҷовидона ва оламгир бошад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.