Имрӯз бо иштироки раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон бинои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД дар ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бинои мазкур бо тамоми таҷҳизоти корӣ ва шароити истироҳатӣ муҷаҳҳаз буда, бо дастгирии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сохта шудааст.
Дар ин ҳамчунин утоқҳои кории нозири калон ва нозири минтақавии Ҷамоати шаҳраки Қубодиён бо шароити мусоиди корӣ ҷойгир мебошад.
Дар маромиси ифтитоҳи бино раиси ноҳия ва меҳмонон суханронӣ намуда, изҳор карда шуд, ки нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ тавассути ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ басо назаррас буда, мақсади таъсиси Шӯро ҳифз намудани ҳаёти осоишта, солимии ҷомеа, ободиву созандагӣ ва дар навбати худ мусоидат намудан ба мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба милитсия ва иширок дар ҳалли масъалаҳои ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Дар идома қайд гардид, ки Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия бо ҳами мақсад фаъолият дошта, баҳри густариши ҳамкорӣ бо милитсия нақшаи кори муштарак ва чорабиниҳои мақсаднокро амалӣ менамояд.
Аз ҷониби масъулон барои бунёди бинои замонавӣ ҷиҳати фаъолияти пурсамар ба Вазорати корҳои дохилӣ ва Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико изҳори сипос арзёбӣ карда шуда, таъкид гардид, ки баҳри рушду равнақи ҳамкории ҷомеа бо мақомоти корҳои дохилӣ тавассути Шӯрои ҷамъиятӣ дар ноҳия чораандшӣ карда мешавад.