ЗарифмоАсламшоева: "Ҳар гоҳ агар ман тасмим бигирам, ки дар Тоҷикистон муҷассама бисозам, он муҷассамаи зани ҷавон хоҳад буд"

Дар ВАО ҳар рӯз қиссаҳои илҳомбахш дар бораи тоҷикистониёне, ки ҷаҳонро тасхир мекунанд, барномасозони сатҳи олӣ, олимони ҷавон, тарроҳони боистеъдод интишор меёбанд. Ва ин насли нави ҷавон аст. Аммо дар паси онҳо аксар вақткасоне ҳастанд, ки ин ҷавононро дастгирӣ мекунанд ва онҳо насли аввали касонест, ки аллакай солҳои зиёд дар хориҷа кору зиндагӣ мекунанд.

Мо дар бораи модари Дилафрӯз - духтари тоҷик, ки дар дастаи президенти ИМА Ҷо Байден ворид шудааст, ҳикоят мекунем. Ӯ ЗарифмоАсламшоева, нахустин ровии телевизиони Бадахшон аст, ки аллакай зиёда аз 20 сол ба ҳайси сармуҳаррири шуъбаи байналмилалии шабакаи телевизионии CNN дар Атланта кор мекунад.
Вай ба «Азия-Плюс» дар бораи дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ аз Тоҷикистон ба ИМА кӯчиданаш, дар бораи озмоишҳои аввалин ва роҳ ба сӯи муваффақият нақл кард.

"ИМА - сарзамини ман, ва ҳоло кишвари ман аст"

- Зарифамо, чӣ чиз шуморо маҷбур кард, ки 20 сол муқаддам ба ИМА муҳоҷират кунед, бигӯед, ки чӣ тавр шумо ба Иёлоти Муттаҳида рафтед?

- Ман дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистонро тарк кардам. Ин тиратарин сафҳа дар таърихи Тоҷикистон буд. Мо ба оянда умед надоштем ва ё ба қавли амрикоиҳо, "рӯшноиро дар охири нақб намедидем".Дидани Тоҷикистон, Тоҷикистоне, ки ниёкони мо барои он мубориза карда,бо матонат заҳмат кашида буданд, мисли Шотемур, ва ба дасти касоне, ки ҳатто ба маънои истилоҳи "Давлати тоҷикон" сарфаҳм намерафтанд, тахриб мешавад, барои ман хеле ҳузнангез буд.
Ёд кардани он рӯзе, ки мо Душанберо тарк кардем, то ҳол бароям дарднок аст. Нозирони фурудгоҳ, ки мебоист асноди моро тафтиш мекарданд, борҳои моро партофтанд, онҳо кушода шуданд, ҳамаилибосҳо ва китобҳоямон ба рӯи фаршрехтанд. Метавонистанд моро бикушанд, ин коре буд, ки ҳар рӯз дар он ҷо рух медод. Писари хурдиам, ки он вақт сесола буд, намефаҳмид, ки бо мо чӣ мегузарад ва бо дидани китоби дӯстдоштааш дар рӯи фарши фурудгоҳ хеле хурсанд шуд. Вай давида, онро бадастгирифт ва аксҳои дӯстдоштаашро ба ман нишон додан гирифт.Ман ба ӯ менигаристам ва мехостам, ки мисли ӯ бошам ... ҳамин гуна хушбахт ва ҳамон қадар фориғбол.
Нозирон шаҳрванди Тоҷикистон (Шӯравӣ) будани моро санҷиданд. Ман шунидам, ки марде дар кунҷ бо ғазаб ғур-ғур мекунад: "Помирӣ, помирӣ ...".
Шотемур ҳамеша худро тоҷик мегуфт, ҳатто вақте ки дигарон миллати худро пинҳон медоштанд, то ҷои кори беҳтаре пайдо кунанд. Ӯ аз тоҷики Бадахшон буданаш ифтихор дошт ва ман низ!
Ба онҳое, ки мегӯянд, ки помириҳо, бадахшонҳо - тоҷик нестанд, ман мегӯям: тоҷики ПомирӣШотемур дар байни онҳое буд, ки Тоҷикистонро бунёд карданд!

- Рӯзҳои аввал дар Иёлоти Муттаҳида магар душвор буданд?

- Бале, аз ҳама душвортар дурӣ аз наздикон буд. Албатта, дар кишвари комилан дигар бо низоми дигар оғоз кардани зиндагӣ кори саҳл нест. Аммо ман ҳақи шикоят надорам. Ман сипосгузорам. Вақте ки одамон мегӯянд - "ту дар диёри бегона ҳастӣ", ман розӣ намешавам. Амрико сарзамини муҳоҷирон аст.Ин сарзамини ман аст, ва ин акнун кишвари ман аст. Ман дар хонаи худ ҳастам. Атланта - шаҳри азизи ман аст. Дар Атланта ман ба хушбахтиҳои зиёд дастёб шудам, фарзандони ман дар ин ҷо ба камол расиданд ва тавре шумо огоҳед, кори ман дар ширкати CNN низ дар ҳамин ҷо аст.

"Аз тариқи Дилафрӯз ҷаҳон дар бораи Тоҷикистон маълумот дарёфт мекунад»

- Дар бораи оилаи худ, Дилафрӯз, ки таъиноти ӯҳоло вирди забонҳост, нақл кунед.
- Ҳамаи бародарону хоҳаронам дар Тоҷикистон монданд. Ману шавҳарам бо Дилафрӯзи ҳафтсола ва Самандари сесола ба Иёлоти Муттаҳида кӯч бастем.
Шавҳари ман Фурқати Карамалишо муҳандис аст, ман - нахустин ровии телевизиони Бадахшон будам. Ман бисёр хушбахт будам, зиндагиам, корам, ҳама чизро дӯст медоштам, аммо ҷанг сар шуд ...
Аллакай зиёда аз 25 сол мо дар Амрико зиндагӣ мекунем, бо орзуи Амрикои худ зиндагӣ мекунем. Аз он замон Дилафрӯз бузург ва ба зани ҷавони зебо табдил ёфт, ки дорои беҳтарин хислатва таҳсилот аст. Мушовири калон дар маъмурияти Байден-Харрис шудан чандон кори саҳл нест. Ман бо ӯ бисёр ифтихор мекунам. Ростқавлӣ, саховатмандӣ ва дили меҳрубонаш ӯро одами хос гардониданд. Вай Амрикоро дӯст медорад ва ифтихор мекунад, ки ба халқи Амрико хизмат мекунад.
Сарфи назар аз ҳама дастовардҳояш ӯ фурӯтан, хеле боэҳтиром ва меҳрубон аст. Вай озодона бо забони модариаш шуғнонӣ ҳарф мезанад ва кӯшиш мекунад, ки аз ҳама рӯйдодҳои Тоҷикистон бохабар бошад.Мисли бобои бузургаш Шириншо Шотемур вай худро чунин муррифӣ мекунад: "Ман тоҷикзани помирӣ ҳастам".
Писари ман Самандар - зеботарин марди ҷаҳон - имсол 29-сола шуд. Вай барномасози дорои таҷрибаи ғанӣ аст, аз ҷумла дар ширкати Boeing. Се фарзанди хушсурат ва зани зебо дорад.

- Фарзандони шумо муҳоҷиратро чӣ гуна пазируфтанд?

- Онҳо бисёр хурд буданд, бисёр чизҳоро намефаҳмиданд. Ман ва шавҳарам кӯшиш мекардем, ки онҳоро хушбахт созем ва мехостем, ки кӯдакии фориғбол дошта бошанд. Мо кӯшиш кардем, ки онҳо одами муқаррарӣ бо кӯдакии муқаррарӣ бошанд.
Пеш аз азимат аз Помир, ман ва шавҳарам ба омӯзиши забони англисӣ шурӯъ кардем ва донишҳои худро ба фарзандонамон ёд медодем. Мо ба онҳо дар бораи "кишвари дурдаст" бо имкониятҳои бузург ва одамони некхоҳ нақл мекардем. Мо намехостем, ки фарзандони мо ғамгин шаванд ва ё пас аз муҳоҷират ба кишвари нав бо "шоки фарҳангӣ" гирифтор шаванд. Аммо вақте ки мо ба Амрико омадем, ба онҳо дар бораи Тоҷикистон қиссаҳо мекардем.Муҳаббат ба Тоҷикистон аз хурдӣ дар қалби онҳо ҷойгир карда шудааст. Дилафрӯз ҳамеша мегуфт, ки ба халқиТоҷикистон кумак хоҳад кард. Ман фикр мекунам, ки имрӯз вай ба халқи тоҷики худ кумак мекунад, аввалин зани тоҷик аст, ки дар маъмурияти ИМА кор мекунад - аз тариқи Дилафрӯз ҷаҳон дар бораи Тоҷикистон огоҳ хоҳад шуд.

"Таҳсилот, меҳнатдӯстӣ ва эътимод ба худ ба ман кумак карданд"

- Чӣ гуна ровии телевизиони минтақавӣ аз Бадахшони дурдаст дар шабакаи маъруфи CNN ба кор пазируфта шуд?

- Ман ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки телевизиони Бадахшон нисбат ба дигар шабакаҳои марказии телевизионӣ заифтар аст. Ман ҳама кори имконаро мекардам, то сифати барномаҳоямонро ба сатҳи баландтарин бардорам. Ман нахустин ровии телевизиони Бадахшон будам, ки дар охири солҳои 80 таъсис ёфта буд. Ва ҷавоби ман ба саволи шумо сода аст - таҳсилот, меҳнатдӯстӣ ва эътимод ба худ ба ман кумак карданд. Манро ҳамин тавр тарбия кардаанд, ки ба одамони дигар аз боло нанигарам ва дар айни ҳолба ман талқин мекарданд, ки ту аз дигарон кам (бадтар) нестӣ - фикр накун, ки он чизеро, ки дигарон ба даст овардаанд, ту ба даст овардан наметавонӣ.
Аз ин рӯ, дар Амрико, пас аз як соли волонтёрӣ дар FOCUS USA, «Салиби Сурх», Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар ташкилотҳо, ман қарор додам, ки хулосаи шарҳи ҳоламро барои таҷрибаомӯзӣ ба CNN International пешниҳод кунам.
Ҳангоми ҷамъоварии маблағ барои Тоҷикистон, ба ман лозим меомад, ки дар ҳузури шунавандагони зиёд, асосан донорҳои калони Амрико баромад кунам. Ҳарчанд барои ин кор ба ман маош намедоданд, ин кор барои сайқал додани забони англисӣ ба ман кумак кард. Охири соли 1996, ман таҷрибаомӯзиро дар CNN шурӯъ кардам. Ин мушобеҳи хона буд. Албатта, он назар ба пойгоҳи телевизиони Бадахшон каме бузургтар буд, вале фазо ҳамон буд: ҷамъоварии ахбор, зарурияти мутолиаи зиёд, ба кишварҳои дигар занг задан, таҳияи видеоҳо ва ғайра.
Таҷрибаомӯзони дигар низ ҳамроҳи ман буданд, ки аллакай мақолаҳо навишта буданд ва баъзеи онҳо ба омода кардани видео барои эфир машғул буданд. Аммо ман танҳо дар орзуи он будам, ки бо забони англисӣ озодона ҳарф бизанам ва дар компютер кор карданро ёдбигирам.
Дар тафовут бо Би-Би-Си, CNN бо забонҳои дигар хадамот надорад. На русӣ ва на дарӣ. Аз ин рӯ, ба ман лозим буд, ки англисиро дар сатҳи аъло биомӯзам, то кори пурраи доимӣ пайдо кунам. Ин қариб ду сол тӯл кашид, билохира дар CNN маро ба кор ба сифати муҳаррири хабарҳои хориҷӣ пазируфтанд.
Соли гузашта маро ба вазифаи филмсози (продюсери) калон дар CNN таъин карданд.Ман масъули пахшҳои мустақими байналмилалӣ ва гузоришоти хабарнигорон аз ҷойи рӯйдодҳо мебошам. Агар шумо мухбирони байналмилалии CNN-ро дар ягон гӯшаи ҷаҳон бинед, онҳо ҳамкасбони ман ҳастанд. Агар шумо бинед, ки онҳо ахборро мустақиман пахш мекунанд, ин маънои онро дорад, ки онҳо бо ман кор мекунанд. Ман аз ҳамаи онҳо хеле ифтихор мекунам. Ҳар яке аз онҳо ҳамоса аст!

"Дар ин ҷо маҳфумҳое аз қабили "восита","шиносбозӣ"вуҷуд надорад"

- Бигӯед, ки зиндагӣ дар Иёлоти Муттаҳида аз зиндагӣ дарТоҷикистон ва ё Россия чӣ тафовут дорад?

- Аз он замоне, ки ман ба Амрико омадам, дар ҷаҳон тағйироти зиёд сурат гирифт. Ҷаҳон рӯз то рӯз хурдтар мешавад. Ва коронавирус инро бори дигар исбот намуд.
Мо бояд якҷоя кор кунем, ҷаҳонро ҳифз кунем ва нисбат ба якдигар бо иззату эҳтиром муносибат кунем, вагарна дунё дар пеши назари мо фурӯ хоҳад рафт. Бубинед, гармшавии глобалӣ - ҳамаи моро ба изтироб овардааст.
Бале, Амрико аз Россия ва ё Тоҷикистон фарқ мекунад. Амрико аз тамоми ҷаҳон фарқ мекунад. Ондигар аст.Чизе, ки дар ин ҷо ба ман бештар писанд аст - ин озодӣ ва шарафи инсонӣ аст. Ҳеҷ кас, ҳеҷ гоҳ ба ман намегӯяд: "ту ин ё он корро карда наметавонӣ, чунки ту зан ҳастӣ ва ё барои он ки ту зани тоҷик ҳастӣ". Ман метавонам ҳар чӣ бихоҳам, бикунам.
Амрикоиҳо - меҳнатдӯсттарин одамоне мебошанд, ки ман дар умрам дидаам.Рақобат дар бозори меҳнат хеле баланд аст. Агар шумо бо садоқат меҳнат накунед, ба коре пазируфта нахоҳед шуд ва ё ҷойи худро дар ширкат пайдо кунед.Ва ҳеҷ кас "шуморо бо кор таъмин намекунад". Мафҳумҳое мисли "восита", "шиносбозӣ" дар ин ҷо вуҷуд надоранд. Шумо бояд шарҳи мухтасари ҳоли худро пешниҳод кунед, пас аз мусоҳиба гузаред ва худро нишон диҳед. Нишон диҳед, ки шумо мутахассиси доно ҳастед.
Дар Амрико ҳол ҳам кӯдаконе ҳастанд, ки гурусна ба хоб мераванд. Дар Амрико то ҳол ноҳияҳои гирифтори фақр вуҷуд доранд. Амрикоиҳои сиёҳпӯст ва амрикоиёни бумӣ аз ҷумлаи камбизоаттаринҳо мебошанд. Дили ман ба ҳоли онҳо месӯзад. Умедворам, ки рӯзе ман ҳам битавонам дар кори беҳтар намудани сатҳи зиндагии сиёҳпӯстон ва амрикоиёни бумӣ саҳм бигузорам.
Маъмурияти нави Амрико саршор аз умед аст. Фикр мекунам, ки мо аллакай тағйиротҳоро мушоҳида мекунемва ҷаҳон ба зудӣ хубиҳоеро, ки дар Амрико сурат мегиранд, хоҳад дид.
Ва боз чизи дигаре, ки ҳеҷ гоҳ маро ором намегузорад, ин духтарони ҷавоне мебошанд, ки барои дарёфти музд ба ин ҷо меоянд. Чунин занони ҷавон дар Ню - Йорк, Лос Анҷелес ва дигар иёлотҳо зиёданд. Баъзеи онҳо пас аз хатми мактаби миёна ба ин ҷо меоянд. Онҳо хеле ҷавонанд!
Ман модарам, ва вақте мебинам, ки ин духтарони зебои нозукандомин қадар дур аз хонаҳояшон мераванд, то ба оилаҳояшон кумак расонанд, мӯйҳои баданам рост мешаванд. Вале ман мехоҳамшумо бидонед, ки ман бо онҳо бисёр ифтихор мекунам! Ман медонам, ки одамон дар Тоҷикистон дар бораи зиндагии онҳо ҳар гуна "қиссаҳо" -ро мешунаванд, аммо ба ман иҷозат диҳед ба шумо бигӯям: онҳо қаҳрамонони асил мебошанд. Онҳо қаҳрамонони ман ҳастанд.Ҳар гоҳ ки ман кадоме аз онҳоро мебинам, инро ба онҳо мегӯям. Онҳо ба волидони худ кумак мекунанд, дар ватанашон барои оилаҳои худ хонаҳо месозанд ва кори тиҷоратро ташкил мекунанд. Онҳо бародарону хоҳарони хурдиашонро шод мекунанд.
Барои иҷрои ин ҳама ва таъмини оилаҳояшон онҳо зиндагии хеле хоксоронаро ихтиёр кардаанд, аз чизҳое, ки ба онҳо заруранд ва ё аз чизҳое, ки мехоҳанд, даст мекашанд.
Ҳар гоҳ агар ман тасмим бигирам, ки дар Тоҷикистон муҷассама бисозам, он муҷассамаи ҳамин гуна занҳои ҷавон хоҳад буд. Он баландтарин муҷассама хоҳад буд, муҷассамаи зани хеле зебо, ҷавон, бовиқор, ки ба поён, ба сӯи роҳравони даҳоняла бо иззати нафс ва ифтихор менигарад ва гӯё мегӯяд: “Шумо саҳми маро мебинед? Инро ман ва дигар духтарони ҳамватанам кардаем ... ».

Таҳиякунанда Манзумаи Фирӯз,
Asia-Plus

 

 

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.