ДУШАНБЕ, 04.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ иттилоъ медиҳад, ки бар хилофи изҳороти ҷониби Қирғизистон, ки бо воқеияти дар ВАО интишорёфта мувофиқат намекунад, дар натиҷаи кори Комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсия, аз тӯли умумии 986,7 км, 519, 9 км сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ташреҳ шудааст. Яке аз мавзеъҳои боқимондаи тақсимнашуда дар ин минтақа ағбаи Шатти мебошад.
Ҷонибҳо мувофиқа кардаанд, ки фаъолияти худро ҷиҳати муайян кардани хатти убури сарҳади давлатӣ дар ин мавзеъ идома медиҳанд ва таклифҳои худро пешниҳод мекунанд.
Мутобиқи мувофиқа дар доираи комиссияҳои байниҳукуматӣ, баъзе мавзеъҳои марзӣ ташреҳ карда шуданд.
Бо ҳамин сабаб, ҳоло дастаи посбонони сарҳадии ҚС КДАМ ҶТ мутобиқи хатти мувофиқашудаи убури сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон марзро муҳофизат мекунад.
Яъне, мутобиқи мувофиқаи протоколӣ дастаи сарҳадӣ дар ҳудуди мувофиқашуда гузошта шудааст. Аз сӯи дигар, дар мавзеъи ағбаи Қарамиқ посгоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон бо инфрасохтори дахлдор таъсис ёфтааст.
Тақаррури дастаи посбонӣ дар мавзеъи мазкур усули баробариро дар ҳифзи сарҳади давлатии ду давлати ҳамсоя то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва барасамиятдарории ҳуқуқии он таъмин мекунад.
Бо ҳамин сабаб, ҷиҳати ҳарчи зудтар ба итмом расонидани раванди делимитатсия дар ин мавзеъ, пешниҳод карда шуд, ки ба гурӯҳҳои кории топографии Тарафҳо супориш дода шавад, ки корҳои вобаста ба ташреҳи хатти убури сарҳади давлатиро дар ин мавзеъ идома диҳанд.
Маркази матбуоти ҚС КДАМ ҶТ