Таваҷҷӯҳ ба ҷавонон

Дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон рузи 3-юми апрел соли ҷорӣ,ҳайати устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгорӣ бо роҳбарони мақомотҳои дахлдор, сардори шуъбаи корҳои дохилӣ Давлатзода Шавкат,прокурор мушовири адлияи дараҷаи1 Раҳмонзода Аҳмадҷон Футур, судяён Назариён Абдураҳим ва  сармуҳарири рӯзномаи “Тахти Кубод”Адолат Сайфуллозода дар мавзӯи  пешгирӣ аз гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва хусусияти террористи дошта ҷаласа доир намуданд Давлатзода Ш кайд намуданд,ки асоси шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун тавассути телефонхои мобилӣ ва истифодан нодурусти шабакахои интернетӣ ба омал меояд. Мавсуф қайд намуданд,ки Пешвои миллат,Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид медоранд: “Шумо ҷавонон барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат дар арсаи ҷахон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам, мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузург ба душ доред, бояд ба набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам бошед, талаботи замонро пайваста эхсос намоед,аз тачрибаи пешбурди иқтисодиву идоракунӣ воқиф гардед.Манфиати миллату амнияти давлати сохибистиклоли худро дар раванди пурталотуми бархурдҳои чахонӣ химоя карда тавонед. Шумо чавонон идомадихандаи таъриху фарханги кадимаи ватани худ, сарчашмаи ташаббусхои бузург,манбаи ѓояхои нав,эҷодкорӣ,такдири имрӯзу ояндаи Точикистони соҳибистиқлол мебошед.”Барои хамин хам хифзи Ватан на танҳо вазифаи ҳуқуқӣ, балки карзи ахлоқӣ ва ватандӯстии ҳар шаҳрванд аст,афзуданд Давлатзода Ш.

    Ҳамчунин судяи нохияи Кубодиён Назариён Абдураҳим дар бораи риояи Қонун аз тарафи ҷавонон ва роҳ надодан ба ҳама гуна рафтору амалҳои хусусиятхои ѓайриконунӣ дошта суханҳои ҷолибу судманд иброз доштанд.

    Аз ҷониби прокурори ноҳия Раҳмонзода Аҳмадҷон риштаи сухан ба сармуҳарири рӯзномаи “Тахти Кубод” Сайфуллозода Адолат ҳамчун як рӯзноманигори озодандешу озодбаён,ки пайваста дар байни ҷомеа аст ва бо диду назари мушикофона матлабҳо дарҷ мекунад, дода шуд. Рӯзноманигор оид ба ҳама паҳлуҳои зиндагӣ,хулку ахлокӣ ҳамидаи ҷавонон суханронӣ намуда, ҷавононро ба донишандӯзӣ ва фаъол будан ҳидоят кард.Номбурда иброз доштанд,ки шахси соҳибилму маърифат ҳеҷ гоҳ ба ҷаҳолат ё қонунвайронкунӣ даст намезанад ва дар ҷодаҳои зиндагӣ ҳам  раҳгум намешавад. Ҷавононро месазад, ки тамоми нерӯи  ҷавонии худро баҳри илму ҳунаромӯзӣ, навоварӣ,эҷодкорӣ, ва ихтирокорӣ сарф намоянд, Пешвои миллат, Президента мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бо ҷавонони болаёқат, зиёиёни мамлакат вохуриҳо мегузаронанд. Қабул гардидани барномаҳои зиёд барои донишандӯзӣ ва маърифатнокии ҷавонон, кувотаҳо барои идомаи таҳсили ҷавонон, стпендияҳои Президенти - ин ҳама баҳри дасгирии насли ҷавону ояндасози миллат равона шудаанд. Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеъа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд. Албатта, ҷавобан ба ин ѓамхориву дастгириҳо ҷавонон бояд тамоми  саъю талоши худро ба донишадузӣ, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, интихоби касбу ҳунарҳои замонавӣ, ҳифзи Ватан, амнияти давлат ва  навоварию бунёдкорӣ равона сохта, парчамбардори Тоҷикистони азиз гарданд. Умедворем, ки ҷавонон ҳидояту супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори ҳарӯзаи худ қарор дода, барои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқи ҷомеа, ташаккули навоваоиву бунёдкорӣ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ саъю талош менамоянд.Аз ин хотир барои аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ҷавонони  коллеҷ пайваста бояд талош варзанд.

2018-04-03 10-17-33.JPGПроркурори ноҳия  Ахмадҷон Футур ҷавононро оид ба ҳамкори бо гуруҳҳои “Авангард” даъват намуда, иброз доштанд, ки бетараф набошанд ва дар пешрафти ҷомеа, пойдории сулҳу субот бо мақомотҳои дахлдор ҳамкорӣ намоянд. Пахши наворӣ мустақим аз ҳаёту рӯзгори ҷавонони гумроҳи тамоми манотиқи кишвар, ки аз давлатӣ Сурия бо дахолати мақомотҳои қудратӣ ба ватан  баргардонида шудаанд анҷомбахшӣ ин чорабинӣ  судбахшу хотирмон гардид.

  «Тахти Қубод»

Миёна: 1 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.