Тибқи нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Абдулмаинзода оид ба тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонбо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриҳои судманд баргузор намуданд.
Дар ин вохӯриҳо қайд гардид, ки давлат ва Ҳукумати кишвар масъалаи дастгирии ҷавононро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор дода, баҳри бунёди ояндаи шоиста, фароҳам овардаи шароити мусоиди таҳсил ва фаъолият чораҳои зарурӣ меандешад.
Таъкид гардид, ки аз 400 нафар ба 3000 нафар зиёд гаридани теъдоди гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисстон ва ба 500 сомонӣ расонидани маблағи моҳонаи гирандагони стипендия нишонаи ғамхории Пешвои миллат нисбат ба ояндаи ҷавонон ва таъмини эҳтиёҷоти онҳо дар роҳи донишомӯзӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ки соли гузашта теъдоди гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 нафар буда, ин теъдод дар давоми соли хониши 2021 – 2022 ба 61 нафар расонида шуд.
Дар идома изҳор гардид, ки барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ дар баробари давлат ва Ҳукумат насли калонсол, махсусан волидон ва омӯзгорон масъулияти баробар доранд. Бинобар ин, масъулинро зарур аст, ки ҳамкориро падару модарон ва омӯзгорон ҳамкориро дар самти тарбияи насли наврас тақвият дода, ҷавононро дар рӯҳияи худшиносӣ ва ватандӯстӣ тарбия намоянд.