Табрикоти раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин Талбак ба муносибати Рӯзи ҷавонон

Воқеан имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.

Ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҷавонон басо назаррас буда, баҳри фароҳам сохтани шароити муфид ва эҷоди имкониятҳои созгор барои ҷавонон ҳамасола иқдомҳои наҷиб амалӣ карда мешавад.

Иштироки фаъолонаи ҷавонон дар тамоми маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, роҳпаймоӣ бахшида ба таҷлили идҳо ва ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ бори дигар собит намуд, ки воқеан ҳам ҷавонон ба қадри сулҳу суббот, ваҳдату ягонагӣ ва дастовардҳои беназири давлат ва Ҳукумат мерасанд.

Ҷавонон дар мустаҳкам намудани пояҳои давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ, ҷараёни демократикунонии ҷомеа низ нақши хело муҳим доранд.

Мо бояд имрӯз насли наврасро дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намуда, омодагии онҳоро ба хизмати ҳарбӣ дар сатҳе ба роҳ монем, ки ҳар фарди ҷавон ҳифзи Ватан ва арзишҳои миллии онро муқаддас шуморад.

Мову Шумо фарзандони ин марзи муқаддас, сарзамини пурфайз ва биҳиштосо бояд барои шукуфои ва ояндаи дурахшони Ватани азизамон, ки хонаи умеди тамоми тоҷикони дунёст, саҳмгузор бошем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри муҳайё намудани шароити мусоид барои кору зиндагии ҷавонон пайваста талош намуда, айни ҳол -72 нафар ҷавон дар маснади роҳбарикунанда фаъолият доранд.

Барои амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон Ҳукумат то ба имрӯз нақшаву барномаҳои зиёдеро татбиқ карда, барои ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ҷиҳати омӯзиши илму дониш ва интихоби касбу ҳунарҳои замонавӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Дар заминаи ин ёдовар шудан зарур аст, ки айни ҳол аз ноҳия тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 112 нафар ҷавонони мо дар мактабҳои олӣ таҳсил карда истодаанд, ки ихтисосҳои интихобнамудаи онҳо барои ноҳияамон зарур мебошад.

Илова бар ин, ба хотири таҳким бахшидани робита миёни Президент ва ҷавонони мамлакат дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шудааст, ки ҳадафи асосии он татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва мусоидат дар амалӣ намудани пешниҳоду ташаббусҳои онҳо мебошад.

Дар асоси  амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2015, №526 “Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонони дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳияи Қубодиён Шӯрои миллии кор бо ҷавонони дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъсис дода шуда, ҷаласаҳои он бо иштироки бевоситаи раиси ноҳия ва аъзоёну ҷавонон касбу кори гуногуни доҳия дар муҳлати  муайян доир карда шуда, дар рафти баргузории ҷаласаҳои Шӯро масъалаҳои муҳими марбут ба ҳаёти ҷавонон мавриди баррасӣ қарор дода шуда вобаста ба он ҳуҷҷатҳои дахлдор ба тасвиб мерасад.

Дар ҷавоб ба дастгириҳои доимии Пешвои миллат ҷавонони моро зарур аст, ки дучанд заҳмат кашанд, мунтазам ба омӯзиши донишҳои муосир машғул шаванд, корҳои илмиву паҷӯҳишӣ, ихтироъкориву навсозиро дар сатҳи баланд иҷро намоянд ва дар ободии Ватани маҳбубамон фаъолона ширкат варзанд.

Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати тоҷикон ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши шоиста доранд.

Ободу зебо нигоҳ доштани кишвар ва ба наслҳои баъдӣ ба мерос гузоштани мулки мутамаддину пешрафта масъулияти бузург дошта, ҳар фарди бедордил, бахусус ҷавонони баору номусро водор менамояд, ки ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши худшиносиву худогоҳӣ ҳамеша кӯшишу талош намоянд.

Яке аз ғамхориҳои навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин зиёд намудани теъдоди гирандагони стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба шумор рафта, шуърӯъ аз 1 сентябри соли 2021 шумораи гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён аз 8 нафар ба 61 нафар расонида мешавад.

Итминони комил дорам, ки ҷавонони саодатманд масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо намуда, ба хотири рушди рӯзафзуни кишвари биҳиштосоямон ҳамчун созандагони фардои Ватан хизмати арзандаро ба ҷо меоранд.

Дар охир ҳамаи ҷавонон – насли умеду орзуи фардои Ватанро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, дар корҳои ободониву созандагии Ватани азизамон – Тоҷикистон пирӯзиҳои тоза орзу менамоям.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.