ОЗМУНИ “АНДОЗ АЗ НИГОҲИ НАВРАСОН” БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар бинои нозироти андози ноҳия байни хонандагони муассисааҳои таълимӣ дар доираи озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа” аз рӯи номинатсияи “Андоз аз нигоҳи наврасон” озмун баргузор гардид. Дар ин озмун наврасон назару мавқеи худро дар робита ба аҳамияти пардохти андоз дар тасвирҳо нишон доданд.

Ба қавли мутасаддиён, озмуни мазкур ба хотири баланд бардоштани маърифати наврасон, дарки масъулият ва муҳимияти пардохти андоз, тарғибу ташвиқи пардохти андоз ва татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт баргузор карда мешавад.

20210519_104420.jpgМаҳсули эҷоди 6 нафар хонандаро ҳайати ҳакамони озмун мутобиқи талаботи озмун дониста, муаллифони онҳо ғолибони озмун эътироф шуданд. Эҷодиёти ғолибон барои иштирок дар даври навбатӣ ба вилоят пешниҳод карда мешаванд.

Мавзӯи асосии тасвирҳои хонандагон аҳамияти пардохти андоз, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, саривақт пардохт гардидани музди маош ва нафақаро дарбар мегирад.

20210519_114838.jpgОзмун дар сатҳи ноҳия дар ду номинатсия – байни хонандагони пешниҳод намудани тасвирҳо вобаста ба муҳимияти пардохти андоз бо номи Андоз аз нигоҳи наврасон” ва донишҷӯён, соҳибкорон ва дигар қишри аҳолӣ номинатсияи “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор мегардад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.