Бахшида ба 76-умин солгарди Ғалаб дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар соли 1941-1945 дар ноҳия як қатор чорабиниҳои оммавӣ ва фарҳангӣ баргузор карда шуд.
Нахуст субҳи имрӯз ҷавонон ва фаъолони ноҳия дар кӯчаи марказӣ бо нишони қадрдонӣ аз қаҳрамониву ҷоннисории иштирокчиён ҶБВ роҳпаймоӣ доир намуда, барои гиромидошти хотираи неки онҳо дар назди лавҳаҳои хотиравӣ ва оташи абадӣ саф ороста гулчанбар гузоштанд.
Сипас дар қасри фарҳанги ноҳия ба ин муносибат ҷамъомади тантанавӣ доир гардида, раиси ноҳия Садриддинзода Бадриддин ба муносибати 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ собиқадорони ҷанги меҳнатро бо иди Зафар табрик намуд.
Раиси ноҳия зимни табрикот изҳор дошт, ки корнамоиҳои падарону бародарони калонсоли мо дар арсаи мудҳиштарин ҷанги ҷаҳонии асри гузашта як пораи воқеии сарнавишт, як саҳифаи пурифтихори таърихро таҷассум менамояд.
Ӯ дар идома қайд кард, ки ҳарчанд мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон аз майдони ҷанг фарсахҳо дур буд, вале ҳар як шахси ватандӯсту бонангу номус нисбат ба душмани ғаддор дар дил ҳисси нафрат мепарварид ва онҳоро барои ихтиёрӣ рафтан ба ҷабҳаҳои набард водор менамуд.
Дар идома таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоистаи иштирокчиёни майдони набардҳоро доимо қадрдонӣ намуда, нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Баҳри болидахотирии ҳозирин бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ ва саҳнаҳои гӯё аз лаҳзаҳои сарфарбарнамоӣ ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ намоиш дода шуд.
Ҳамчунин Раиси ноҳия барои дидор ва аҳволпурсӣ аз манзили иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Тошматов Мамад дидан намуда, ба номбурда аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кумаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд. Тошматов Мамад зимни суҳбат аз ғамхориҳои Сарвари давлат нисбат ба собиқадорони ҷангу меҳнат иҳзори миннатдорӣ намуда, қайд намуд, ки ҳамасола аз ҷониби Роҳбари давлат ва раиси вилоят дар арафаи иди Зафар намояндаҳо ҷиҳати огоҳӣ ёфтан ташриф оварда кумакҳои молиявию моддӣ расонида мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар арафаи иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат, иштирокчиёни ҷанги Аҷғонистон, маъюбони садамаи нерӯгоҳи барқи атомии “Чернобил” ва барқароркунандагони сохти конститутсионӣ кумакҳои якҷақтаинаи молиявӣ расонида шуда, дар қисмҳои ҳарбӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадии ҳудуди ноҳия бо дастгирии ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорон дастархонӣ идона ороста шуд.