РАИСИ НОҲИЯ БА ДИДОРИ ПАНҶГОНИКҲО РАФТ

Субҳи имрӯз раиси ноҳия Бадриддин Садриддинзода ҳамроҳ бо муовини раиси ноҳия Тоҷинисо Шарипова бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан аз аҳволи панҷгоникҳо ба деҳаи Бобоҷон Ғафурови деҳоти 20-солагии Истиқлол рафтанд.

Зимни суҳбат падару модари кӯдакон иброз доштанд, ки аз дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳия ҷиҳати нигоҳубини тифлон миннатдор буда, вобаста ба нигоҳубини кӯдакон камбудӣ эҳсос намекунанд. Инчунин аз ҷониби шахсони саховатпеша ва нафарони хайрхоҳ пайваста кумакҳои яквақтаинаи молиявию моддӣ расонида мешавад.

Раиси ноҳия масолеҳи сохтмонии заруриро барои идомаи корҳои сохтмонии манзили панҷҳуҷраг ба волидони панҷгоник дасрас намуд.

Бо дастури раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои оилаи Нормуродов Раҳмон дар замини наздиҳавлигии онҳо сохтмони манзили панҷҳуҷрагӣ бо тамоми шароити зист оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ бо маром ҷараён доранд.

Ёдовар мешавем, ки сокини ноҳияи Қубодиён Маматова Дилноза санаи 30 декабри соли 2020 дар таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе панҷ тифл – се духтар ва ду писар ба дунё овард.

Айни замон саломатии кӯдакон муътадил буда, онҳо таҳти назорати доимии табибон қарор доранд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.