
Раиси ноҳияи Қубодиён Бадриддин Садриддинзода ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия полковники милитсия Сайфуллозода Зафар бо масъулон ва фаъолони ноҳия вохӯрӣ доир намуданд.
Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки Бар асари паҳншавии бемории сироятии Коронавирус муҳоҷирони меҳнатӣ дар самти барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои вобаста ба будубоши қонунии худ дар Федератсияи Русия ба мушкилӣ дучор гардида буданд. Бо назардошти ин аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Русия барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо барои муҳоҷирон сабукиҳо пешниҳод намуда, ба касоне ки будубоши расмӣ дар ин кишвар надоранд, то моҳи июн барои барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо муҳлат дода шудааст. Сардори ШВКД дар ноҳия изҳор дошт, ки бо мақсади огоҳӣ намудани аҳолӣ аз чунин тасимими Федератсияи Русия дар ноҳия гурӯҳи кории муштарак аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мақомоти милитсия оид ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ таъсис дода шуда, гурӯи корӣ ба аҳолӣ вобаста ба расонидани талаботи мазкур ба муҳоҷирон ба воситаи наздикону пайвандон дар байни аҳолӣ корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ мегузаронад.
Дар рафти маҷлис раиси ноҳия Бадриддин Садриддинзода аз фаъолон даъват ба амал овард, ки масъалаи мазкурро дар байни сокинон ба таври дуруст эзоҳ дода, ба мардум муҳимияти фаъолияти расмии муҳоҷиронро шарҳу тавзеҳ диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки наздики даҳ ҳазор сокинони ноҳия дар муҳоҷирати кори меҳантӣ қарор доранд, ки аксари онҳо дар Федератсияи Русия кору фаъолият менамоянд.