САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиён ташриф оварда, нахсут корхонаи истеҳсоли яхмосбарори “Мавсимӣ”-ро ифтитоҳ намуданд. Корхонаи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта, сохтмони корхонаи мазкур сентябри соли 2020 ба мабалғи 3,3 млн сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳалли Раҳмонов Бахтиёр оғоз гардид. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 10 нафар сокинони маҳаллӣ ба корӣ мавсимӣ бо маоши баланд ҷалб карда шуданд.

Корхонаи яхмосбарори «Мавсимӣ» дар масоҳати 0,38 га замин бо фарогирии коргоҳи истеҳсолӣ дар майдони 0,05 га ба сохтмонаш моҳи марти соли ҷорӣ ба анҷом расонида шуд. Иқтидори истеҳсолии корхона: 40-45 тонна дар як моҳро дар бар мегирад. Дар корхона 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷои кори мавсими бо маоши баланд таъмин гардиданд. Айни замон Корхонаи яхмосбарори «Мавсимӣ» 34 намуд яхмос истеҳсол менамояд.

Маҳсулоти иҳстеҳсолнамудаи корхона дар бозорҳо ва мағозаҳои ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав ба савдо бароварда мешавад. Аз ҷониби корхона 7 техникаи махсус барои таъмини саривақтии маҳсулот ба нуқтаҳои фурӯш ташкил карда шудааст.

Зимни сафари корияш Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон аз гармхонаи шаҳрванд Абдураҳмонов Азамат дидан намуд.

Гармхонаи мазкур дар ҳудуди деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов дар майдони 1 гектар замин бунёд гардида, дар он помидор парвариш карда мешавад.

Дар гармхона 25 ҳазор ниҳоли помидор шинонида шуда, барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ 20 нафар дар гармхона ба кор ҷалб шудааст.

Абдураҳмонов Азамат мақсад дорад гармхонаро дар майдони 2 гектар васеъ намуда, дар як сол се то чор маротиба ҳосил ба даст оварда, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро амалӣ намояд.

Дар гармхона усули обдиҳии қатрагӣ ба роҳ монда шуда, гармидиҳии он бо ангишт таъмин карда мешавад. Айни замон дастранҷи ин марди наҷиб ғарқи ҳосил буда, ба пухтан даромадааст. Ҷамъоварии ҳосил аз 15 апрел оғоз мегардад.

Инчунин номбурда дар 0,14 га замини наздиҳавлигии худ гармхона ташкил дода, дар он лимӯ ва бодиринг парвариш мекунад. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба заҳмати кашидаи Абдураҳмонов Азамат баҳои баланд дода ва барои бо ҷои кор таъмин намудани занони хонашин минатдории хешро баён намуд.

Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Қубодиён аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Маҷмааи тиббӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Узбекистон сохта шуда истодааст дидан намуданд.

Дар асоси санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳи марти соли 2018 имзо шуда сохтмони беморхонаи бисёрҷабҳаи дорои 200 кат дар майдони 5,0 гектар замин оғоз гардида сохтмон бомаром идома дорад.

Дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ аз қабили сангу шағал аз карйерҳои дар ноҳиябуда ва семент аз ҶДММ «Моҳир»-и дар ноҳияи Ёвон бо тариқи шартномаҳои басташуда дастрас карда шуда истодааст.

Дар корҳои сохтмонии иншоот 10 адад техника, 1 крани борбардор, 2 мехлапата, 1 экскватор, 1 мошини тамғаи портер, ду адад мошини бетоншурӣ, ду адад мошини боркашонӣ ҷалб карда шуда, корҳо дар ҳама бинову иншоотҳои сохташаванда идома дошта, рангпардозии намои биноҳо дар тамоми биноҳои маъмурӣ-табобатӣ ва дигар иншоотҳои ёрирасони он бо маром идома дорад.

Инчунин сохтмони деворҳои иҳотавии иншоот қисман аз блоки сементӣ ва панҷараҳои металӣ ба анҷом расонида шуда, корҳои ободгардонӣ ва шинонидани гулу дарахтони сояафкан ва ороишӣ дар қисмати асосии даромадгоҳ ва атрофии биноҳо ба анҷом расида, роҳи паҳлуии мошингарди байни боғи фарҳангии ноҳия ва беморхонаи сохташаванда бо паҳноии 8 метр ва дарозии 180 метр ба итмом расонида шуд.

Таҷҳизотҳо дар Маҷмааи мазкур ба пуррагӣ ворид гардидааст.

Айни замон бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилоят дар мувофиқа бо пудратчиёни сохтмон аз Ҷумҳурии Узбекистон майдони 0,50 гектар қитъаи замин ба беморхонаи сохташудаистода барои сохтмони беморхонаи сироятӣ интихоб карда шудааст.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Қубодиён бинои маъмурии ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусравро ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Бинои маъмурии ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав иборат аз 2 ошёна буда, моҳи августи соли 2018 аз ҷониби дирексияи сохтмонии иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ оғоз гардид.

Пудратчии сохтмон – ҶДММ «Бунён»-и шаҳри Душанбе буда, дар корҳои сохтмонӣ 14 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот ба пуррагӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Масоҳати замини ҷудогардида ба иншооти мазкур 0,12 га буда, масоҳати бинои асосӣ – 270 м2 ва биноҳои ёрирасон 73 м2 дар бар мегирад.

Корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дарахтони ороишӣ аз қабилӣ арча, гулҳои садбарг, виола, лола шинонида шудааст. Роҳравҳо сафолакпӯш карда шудааст. Сарвазири мамлакат дар ҳар як иншотҳои воридшуда бо сокинон ва кормандон мулоқоти гарм анҷом дода, онҳоро ба ободкорию созандагӣ ва саҳми худро гузоштан дар ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.