ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ ДАР НОҲИЯ

Бо иштироки вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи ситоди ноҳия оид ба ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷаласаро раиси ноҳия Бадриддин Садриддинзода ифтитоҳ бахшида, оид ба вазъи сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Муъминхӯҷа Давлатзода ҳисобот дод.

22_84.jpgДар ҳисоботи номбурда зикр гардид, ки то имрӯз аксарияти иншоотҳо дар ҳолати тантанавӣ дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар ин раванд як қатор иншоотҳои ҷашнии ғайринақшавӣ низ ба истифода дода шуданд, ки онҳо имрӯз пурра фаъолият доранд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки дар баробари сохтмони иншоотҳо баҳри сазовор ва дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ, аз қабили мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ, шағалпӯш намудани роҳҳои дохили деҳаҳо, кашидани хати барқ, тоза намудани кӯчаҳо, дару девор, заҳбуру заҳкашҳо, ҷуйборҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ба иҷро расида, рӯзҳои истироҳатӣ бо иштироки васеи сокинон, кормандони ташкилоту муассисаҳо шанбегиҳои умумии тозагӣ доир карда мешавад.

33_35.jpgДар рафти ҷаласа вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ширин ба иҷрои пурраи бандҳои нақша ва бартараф намудани камбудиҳо дар ин самт таъкид намуда, масъулон вазифадор карда шуданд, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни фархундаи миллӣ ҳамаҷониба омодагӣ бинанд.

Бояд қайд намуд, ки вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ки ҳамзамон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлол дар ноҳия мебошад, аз вазъи иншоотҳои ҷашнӣ, ки дар арафаи ҷашнҳои дарпешистода мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд, дидан намуда, ба масъулин барои бартараф намудани камбудиҳо ва омодагии ҷиддӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.