Дар варзишгоҳи марказии ноҳия маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ба ин муносибат ҷамъомади тантанавӣ ва чорабинии фарҳангӣ доир карда шуда, дар он масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва наздикону пайвандони наваскарон иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ раиси ноҳия Бадриддин Садриддинзода сухан намуда, изҳор дошт, ки сафҳои Артиши миллӣ натанҳо ҷойи адо кардани қарзи фарзандӣ, балки мактаби камолоти инсонӣ ва шуҷоати мардонагӣ буда, маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт - дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор даъватшавандагон, ки ихтиёран хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро интихоб намуда буданд, баъди хатми курсҳои ронандагӣ ва кафшергарӣ диплом ва ҳуҷҷати ронандагӣ тақдим карда шуда, ба масъулин барои саҳми арзанда гузоштан дар даъвати ҷавонон ба артиш, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.
Сипас, тибқи анъана маросими гулчагазон бо иштироки падару модарон ва наздикону пайвандони даъватшавандагон баргузор гардида, бахши фарҳанги ноҳия барои ҳозирин барномаи ҷолиби консертиро пешниҳод намуд.