ҚАДРДОНИИ РӮЗНОМАНИГОРОНИ НОҲИЯ ДАР РӮЗИ МАТУБОТ

Бахшида ба Рӯзи матуботи тоҷик дар утоқи кории раиси ноҳия ҷамъомади рӯзноманигорон ва собиқадорони соҳа баргузор гардид. Бадриддин Садриддинзода кормадон ва собиқадорони нашрияи “Тахти Қубод” ва аҳли эҷоди ноҳияро ба ин муносибат табирк намуда, изҳор дошт, ки матбуот ва дигар воситаи ахбори омма ҷузъи асосии маънавиёт маҳсуб мешавад ва чун баёнгари афкори умум, воқеънигори зиндагӣ дар пешбурди ҳаёти ҷомеа, тарбияи маънавии инсонҳо ҳамеша хизмат мекунад. Ба гуфтаи раиси ноҳия рисолати аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори умум низ маҳз аз ҳақиқатнигорӣ, инъикоси воқеии ҳаводис ва баҳои ростин додан ба ҷараёни ҳаёти ҷамъиятӣ сарчашма мегирад ва кормандони соҳаи васоити ахбори омма ин рисолати касбиашонро сарбаландона ва муваффақона адо карда истодаанд.

20210311_104817.jpgДар идома раиси ноҳия қайд намуд, ки таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик ва дар ин замина рӯ овардан ба таърихи матбуот ин қабл аз ҳама эътирофи қадри сухан чун нерӯи бузурги ҳидояткунундаи мардум, садоқат ба кору анъанаҳои поягузорони матбуоти тоҷик аст. “Васоити ахбори омма ҷузъи таркибии рӯзгори мост ва сухани созанда ҳамеша ҳамроҳу ҳамқадами мо хоҳад буд”, изҳор дошт раиси ноҳия.

20210311_105342 (2).jpgДар ин вохӯрӣ таъкид гардид, ки нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия “Тахти Қубод” дар сатҳи вилоят яке аз сершуморатарин рӯзномаҳо ба ҳисоб рафта, теъдоди нашри он ба беш аз се ҳазор бо нашри чор шумора дар як моҳ мерасад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳамасола аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва созмонҳои журналистӣ қадрдонӣ гардидани рӯзнома нишони сифати баланди мазмун ва муҳтавои он буда, сифати нашри рӯзнома ба таалот ҷавогӯ мебошад.

20210311_105124.jpgДар ин замина раиси ноҳия ба сармуҳаррир ва аҳли эҷоду техникии нашрия изҳор миннатдорӣ намуда, дастовардҳои онҳоро ифтихор ва шарафи тамоми ноҳия арзёбӣ намуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ раиси ноҳия кормандон ва собиқадорони рӯзномаро бо сипоснома ва мукофотҳои молиявӣ сарфароз намуд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.