Пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишварҳои мустақили минтақаи Осиёи Марказӣ, фазои холии идеологӣ ба вуҷуд омада, ихтилоф дар байни ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни навзуҳур зери шиорҳои демократияву озодӣ ва дину мазҳабу фирқаву маҳал рӯ ба афзоиш овард.
Тақвият ёфтани ташкилотҳои радикалии исломӣ ва террористӣ, ки истифода аз эътиқоди динӣ, тарсондан ва хушунатро ҳамчун як воситаи муҳим барои татбиқи манфиатҳои худ пайгирӣ мекарданд, боиси нигарониҳои ҷиддӣ гашт.
Тавре дар матлаби пешин гуфтем, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 17 ташкилоти террористиву экстремистӣ: “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ал-Қоида”, “Ҳаракати исломи Туркистони шарқӣ”, “Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон”, “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Толибон”-и Афғонистон, “Бародарони мусалмон”-и Миср, “Лашкари Тайиба”-и Покистон, “Ҷомеаи исломии Покистон”, “Ҷамоати таблиғ”, ташкилоти динӣ-миссионерии “Созмони таблиғот”, “Тоҷикистони озод”, “Ҷамоати ансоруллоҳ”, “Салафия”, “Гурӯҳи 24”, “ДОИШ” ва “Ҷабҳат-ан-нусра” манъ карда шудааст.
Коршиносон ба ин назаранд, ки ҳамаи ин ҳизбу ҳаракатҳо дорои як манбаву сарчашма буда, усулҳои фаъолияташон низ як умумият дорад – ноором кардани авзои сиёсии давлатҳо, сӯистифода аз бовариҳои динӣ, ба вуҷуд овардани тафриқаи иҷтимоӣ, мубориза ба фарҳангу асолати қадимаи миллатҳо, гумроҳсозии ҷавонон ва ба муқобили насли калонсол шӯронидани онҳо, бераҳмӣ, қатлу куштор, даҳшатафканӣ, фиребу фирефта кардани ҷомеа ва ғайра. Паёмади амалҳои ин гурӯҳҳои террористӣ аллакай тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ваҳшатзада кардааст – таркиш дар кӯчаҳо, бозорҳо, даруни нақлиёт ва ҳатто дохилу минбари масҷидҳо...
Аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба яке аз мушкилоти ҷиддиву тақдирсоз-таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992–1997 мебошанд. Маҳз фитнаҳои Ташкилоти экстремистиву террористии ҲНИТ ва фирефта шудани ҷавонон ба иғвоҳои онҳо боис гардид, ки ба ҳисоби расмӣ 160 000 сокини кишвар ҳалок шуда, ҳазорҳо нафар кӯдакон ятим гаштанд, ҳазорҳо нафари дигар аз гуруснагӣ ва истеъмоли ҳар гуна донагиву гиёҳҳо ба ҳалокат расиданд. Миллионҳо нафар сокини осоишта гуреза шуда, қисме дар Афғонистон ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтода, нобуд гардиданд. Иқтисодиёти кишвар ба сифр баробар шуд, умеди ҷомеа аз ояндаи босаодату дурахшон канда шуда, халқ сарсону саргардон ва гуреза гашт, одамкушӣ ба мисли куштани чорво ба як амали маъмулӣ табдил ёфт...
Бо вуҷуди ҳамин гуна таҷрибаҳои талхи ҳаётӣ ҳанӯз ҳам ҳастанд бадхоҳони миллат, ки дини мардумро бар зидди мардум истифода бурдан мехоҳанд ва тавре тарғиб мекунанд, ки бо сӯистифода аз дин мардумро зидди давлату зидди ҳамдигар шӯронанд. Аммо миллати тоҷик ин фиребро дубора намехӯрад. Аллакай сокинон раванди ҳодисаву воқеаҳо ва ҳамзамон тағйиротҳоро дар сиёсати ҷаҳонӣ бо чашми сар дида истодаанд. Мардум тафаккури таҳлилӣ дорад ва таҳлил мекунад, ки агар солҳои 1943-1988 дар кишвари мо ҳамагӣ 17 масҷид амал мекард, ҳоло дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 масҷиди марказӣ, 325 масҷиди ҷомеъ, 3 ҳазору 334 масҷидҳои панҷвақта мавҷуд аст. Ба ҳисоби миёна ба 2 ҳазор нафар аҳолӣ 1 масҷид рост меояд. То соли 1990 мусулмонони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ танҳо дар мадрасаи Мири араби Бухоро ва Донишкадаи олии исломии Тошканд имкони таҳсилоти динӣ гирифтан доштанд. Соли 1990 дар ин ду муассисаи таълимии динӣ аз ҷумҳурии мо ҳамагӣ 27 нафар донишомӯз таҳсил мекард. Ҳиссаи (квотаи) мусалмонони ҷумҳурии мо дар ин муассисаҳои таълимии динӣ хеле ночиз буд ва аз ин рӯ, то замони истиқлол дар байни мусалмонони кишвар шумораи уламои хатмкарда (дипломдор) ангуштшумор буданд.
Ҳоло танҳо дар Донишкадаи олии исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам беш аз 1,5 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамояд. Дар назди Донишкадаи мазкур гимназияи исломӣ фаъолият дошта, дар он қариб 700 нафар толибилм ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Агар дар тӯли беш аз 70 соли салтанати шӯравӣ ҳамагӣ 30 шаҳрванди мо фаризаи ҳаҷро анҷом дода бошанд, дар давраи истиқлолият ҳазорон мусалмонони Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳои худ ба мартабаи ҳоҷигӣ расиданд ва ҳатто баъзеаашон 6-7 маротиба ҳаҷ карданд. Дар як сол аз давлатҳои ИҶШС ҳамагӣ то 10 нафар ба маросими ҳаҷ рафта метавонистанд. Ҳоло танҳо аз Тоҷикистон ин шумора беш аз 5000 нафар дар як сол аст.
Бо назардошти ин ва дигар нишондодҳое, ки мардум бо ақли худ дарк кардаанд, дигар ин гурӯҳҳои ифротӣ сокинони Тоҷикистонро фирефта карда наметавонанд. Чанд ҷавони бетаҷрибаеро ҳам, ки гурӯҳҳои террористиву экстримистӣ гумроҳ кардаанд, бовар дорем, аз чунин ҳаёти дарбадариву сарсонӣ ва ҳамчун хоин ном баровардан садҳо бор безор шудаанд. Ҷавонони дигар ба мисли Собиршо Ҳасанов, ки мусоҳиба ва хотираи талхи бархурдаш бо аъзои ТЭТ ҲНИТ ва Гурӯҳи 24 дар шумораи 22 (298)-и нашрияи “Ҳамрози халқ” аз АМИТ “Ховар”бознашр шудааст, ҳатто ҷони худро ба хатар мегузоранду бо онҳо ҳамроҳ намешаванд.
Дар тақвияти гуфтаҳои боло месазад қайд намоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро аз вазъияти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хатарҳои он ба истиқлолияти давлатӣ ҳануз соли 2006 дар китоби худ “Тоҷикон дар оинаи таърих” ҳушдор дода буданд. Дар ин китоб ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хоса миллати тоҷикро аз терроризму экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон, низоъҳои ақидавию мазҳабӣ, ифротгароии динӣ, тарғиби ғояҳои тахрибкориву зӯроварӣ ва ҷангу куштор (кибертерроризм), инқилобҳои ранга, терроризми генетикӣ, ки ҳамаи ин аз заиф шудани вазъи ҳуқуқи байналмиллалӣ шаҳодат медиҳад, бохабар сохта буданд.
Ҳамзамон, бо ишора ба бетарафӣ зоҳир намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пешгирӣ аз афзоиши рӯзафзуни хатарҳои ҷаҳонӣ дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12.2017) чунин омадааст: “...Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст”. Ин эродҳои ҷиддӣ то андозае симои воқеии бархурди манфиатҳоро ошкор месозад.
Агар ба таҳқиқ ба гуфтаҳои боло бингарем, аз ҷониби дигар ин ҳушдор ба мо мардуми кишвар низ ҳаст, то бо ибратомӯзӣ аз таҷрибаи талхи давлатҳои Ғарбу Шарқ (Украина, Ироқ, Миср, Сурия...) ва талхтарин таҷрибае, ки худ аз ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум бардоштем, дар моварои ин бархурдҳо зирак бошем ва дӯстро аз душман фарқ карда тавонем.
Зеро тавре медонем, чунин бадхоҳон дар симои ТЭТ ҲНИТ моҳи сентябри соли 2015 кӯшиш карданд дубора сенарияи солҳои навадуми асри гузаштаро дар Тоҷикистон такрор кунанд.
Тафтишот бо далелҳои раднопазир собит кард, ки роҳбари ТЭТ ҲНИТ М.Кабирӣ бо маслиҳати пешакӣ бо дигар аъзои раёсати олии ҲНИТ ва собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода A. бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ва тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноятиро, ки ҳар кадоме то 30-нафарӣ аъзо дошт, созмон додаанд. Ба ин гурӯҳҳо баъзе аз собиқ размандагони Иттиҳоди неруҳои мухолифин ва дигар атрофиёни Назарзода А. роҳбарӣ мекарданд. Бо мақсади аз ҷиҳати моддию молиявӣ дастгирӣ намудани аъзои иттиҳоди ҷиноятии террористӣ ба ҳар кадоми онҳо тавассути фондҳои ба ном хайриявии кишварҳои манфиатдори хориҷӣ мунтазам аз 500 то 600 сомонӣ маблағҳои пулӣ мерасониданд.
Ҷиҳати амалӣ намудани ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худ, аз рӯи маслиҳати пешакӣ гурӯҳҳои мусаллаҳро барои аз кор баровардани воситаҳои алоқаи телефонӣ ва ғасб кардани иншооти муҳимми давлатӣ аз қабили Қасри Миллат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, биноҳои маъмурии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа, Кумитаи телевизион ва радио, Раёсати Вазорати корҳои Дохилии шаҳри Душанбе, Шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилии ноҳияҳои Фирдавсӣ, Сино, Шоҳмансур, И.Сомонӣ ва шаҳри Ваҳдат муваззаф карданд.
Далели дигар, ки гунаҳгории М.Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро дар содир намудани ин ҷиноятҳо тасдиқ мекунад, ин иштироки бевоситаи номбурда дар маблағгузории суйиқасди табодулоти давлатӣ мебошад. Аз ҷумла 2 сентябри соли 2015 бо супориши М.Кабирӣ писараш Руҳулло бо ҳамроҳии ронандааш Сайфов Ҳ.Т. пули нақдро ба маблағи 1 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА ба хонаи Назарзода А. бурда, ба дасти ӯ супоридаанд. Баъдан маълум шуд, ки ин пулҳоро як ҳафта пеш аз ин барои анҷоми табадулот аз хориҷи кишвар ба суратҳисоби онҳо гузаронидаанд.
Шаби 3-юм ба 4-уми сентябри соли 2015 зиёда аз 150 узви иттиҳоди ҷиноятӣ бо супориш ва роҳбарии бевоситаи Назарзода А. дар дохили собиқ корхонаи нонпазӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Дониш, ки ба Назарзода А. М. мансуб буд, ҷамъ омада, бо силоҳҳои оташфишони автомат, пулемёт, гранатомёт ва дигар лавозимоти ҷангӣ ғайриқонунӣ мусаллаҳ гардиданд.
Баъдан Назарзода А. маҳз бо супориши Кабирӣ М. бо сӯйистифода аз мақоми хизматии муовини Вазири мудофиа, якҷоя бо ҳаммаслаконаш навбатдори Нуқтаи назорати гузаргоҳи Вазорати мудофиа, қисмҳои ҳарбии №17651 ва 08050-ро бесилоҳ гардонида, ба бинои маъмурии Вазорати мудофиа ва қисмҳои низомии номбурда ғайриқонунӣ ворид шуданд. Аз он ҷо миқдори зиёди аслиҳаи оташфишон, сару либоси ҳарбӣ ва лавозимоти ҷангиро бо мақсади мусаллаҳ гардонидани аъзои иттиҳоди ҷиноятӣ тасарруф намуданд.
Онҳо худи ҳамон шаб дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар ҳолати иҷрои вазифаҳои хизматӣ қарор доштанд, бо истифода аз силоҳи оташфишон ҳуҷумҳои мусаллаҳона анҷом доданд. Дар натиҷа 10 хизматчии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, 7 нафар бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардид.
Шукр, ки ба ин амали хиёнаткоронаву хабисонаи худ даст наёфтанд, вагарна вазаъият аз солҳои 90-ум дида вазнинтар мешуд. Зеро бо дахолати бештари гурӯҳҳои манфиатхоҳи хориҷӣ дигар ин оташи ҷангро дар зарфи сад сол ҳам хомӯш карда намешуд. Агар ба дафтари аъмоли аъзои ТЭТ ҲНИТ дар давоми солҳои баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳамин ҷанг ҳам маҳз бо айби онҳо ва аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи онҳо ташкил шуд, нигарем, ҳатто дар замони осоишта, ки давлат тамоми шароитро барои фаъолияти сиёсии онҳо фароҳам оварда буд, аз хоҷагони хориҷии пешини худ на танҳо рӯ нагардонданд, балки хоҷагони наву маблағгузорони нав ёфта, ба арзишҳои ваҳдати миллӣ хиёнат карданд. Дар давоми солҳои 2010-2015 аз ҷониби аъзоёни ТЭТ ҲНИТ содир кардани беш аз 40 ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки аксарияти онҳо ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз ҷумла барангехтани кинаю адовати динӣ, иштирок дар иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва экстремистию террористӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Алоқамандии аъзои ТЭТ ҲНИТ ба куштори даҳҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ дар ҷараёни тафтишоти парвандаҳои ҷиноятӣ тасдиқи худро ёфтааст. Аз ҷумла, исбот карда шуд, ки раиси бахши ТЭТ ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин ба ташкилоти террористии “Ансороллоҳ” таҳти роҳбарии Раҳимов Абдулло бо лақаби “мулло Абдулло” ва Давлатов Аловиддин бо тахаллуси “Алӣ Бедакӣ”, ки соли 2010 дар водии Рашт нисбат ба 25 нафар хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон акти террористӣ содир намудааст, шомил буд.
Тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ва санҷишҳои гузаронидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар раванди шомилшавии аъзои ТЭТ ҲНИТ-ро ба сафи ташкилоти байналмилалии террористии бо ном “Давлати исломӣ”, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташ дар ҳудуди кишвар манъ карда шудааст, ошкор намуд. Мақомоти дахлдор зимни азназаргузаронии манзилҳои истиқоматии роҳбарону фаъолони ТЭТ ҲНИТ фиттаҳо бо наворҳои видеоӣ, ки дар онҳо куштору таркишҳо ва дигар амалҳои ваҳшиёнаи ҷангиёни «Давлати исломӣ» сабт гаштаанд, дарёфт намуданд. Айни замон, ки парда аз рӯи аъмоли нопоки аъзою симои воқеии ТЭТ ҲНИТ бардошта шуд, онҳо фаъолияти террористӣ-экстримистиашонро рӯйирост карда, аз ҷониби хоҷагони хориҷиашон ошкоро дастгирӣ ёфта истодаанд.
Ин воқеиятро мусоҳибаи Собиршо Ҳасанов (як ҷавони аз доми фитнаҳои ТЭТ ҲНИТ ва намояндагони он аз Гурӯҳи 24 базур раҳоёфта) бо АМИТ “Ховар” собит сохт, ки чаро ҷавонони дар Ватан муътадилу боадаб яку якбора дар хориҷ иртиҷоӣ мешаванду нисбат ба Ватану миллати худ таҳқиру носазогӯӣ оғоз мекунанд ва ин таҳқирномаҳои онҳо тариқи видео дар интернет зуд паҳн мегарданд. Чунин ҳолатҳое буданд, ки ҳатто волидонашон дар ҳолати шок монда, фарзандони худро аз тарзи гуфтору баёни ақидаашон қариб нашиносанд.
Тавре аз мусоҳиба маълум шуд, усули ба хоини миллату давлат табдил додани ҷавонон дар хориҷи кишвар аз тарафи ТЭТ ҲНИТ усули бағоят маккорона будааст. Дар аввали шиносоӣ онҳо худро хайрхоҳ вонамуд карда, дар баъзе масъалаҳо кумак намуда, объекти худро “қарздор” мекунанд. Сипас мафкураи ӯро барои ватанбадбинӣ омода месозанд (таҳқиру дашномҳое, ки Саъдиву занаш раҳораҳ то хона нисбат ба давлату ҳукумат анҷом додаанд), баъдан пулу паноҳандагӣ дар давлатҳои Аврупоро пешниҳод мекунанд ва ҳамаи ин бар ивази он, ки дар назди камера нисбат ба Ватану ҳамватанон бадгӯӣ кунад, то роҳи ақиб гаштан барояш намонад.
Ин қисмати мусоҳиба найрангҳои ТЭТ ҲНИТ-ро пурра фош месозад: “Тавре гуфтам, маблағи пулии шахсоне, ки барои ба Сурия рафтан розӣ мешаванд, аз ҷониби Кабирӣ ва одамони ӯ пардохт мегардад. Пеш аз гирифтани маблағи пулӣ шуморо дар видео сабт мекунанд. Яъне, шумо бояд дар назди камераи телефон нисбат ба Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарияти он носазогӯӣ кунед, тарзи зиндагонии Тоҷикистонро ғайриисломӣ ва ноозод гӯед. Изҳор кунед, ки дар Тоҷикистон нисбат ба диндорон ва дини ислом муносибати бад ҷорӣ аст. Одамонро даъват кунед, ки ба Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Гурӯҳи 24» ҳамроҳ шуда, ба муқобили Ҳукумати Тоҷикистон мубориза баранд. Вақте сухани худро тамом кардед, он сабт шуд, баъди ин ба шумо 10 ҳазор доллар дода мешавад. Сипас шуморо аз ҳисоби маблағҳои худатон, ки бояд дар Сурия гиред, боз ба Сурия мефиристанд”.
Воқеан, агар касе худро дар вазъияти Собиршо Ҳасанов тасаввур кунад ва ин ҷумлаҳоро хонад, ваҳшатзада мешавад. Ин қадар ҳиллаву найранг ба хотири хиёнат ба ватану ҳамватанон аз куҷо ба сари Кабириву ӯ баринҳо омадааст? Маълум, ки онҳо дар хориҷи кишвар аз пуштибонии гурӯҳҳои манфитхоҳ, ки нооромиву нокомии Тоҷикистонро мехоҳанд, ҳамаҷониба дастгирӣ шуда истодаанд. Боз шояд саволе пайдо шавад, ки барои чӣ чунин масъалаи глобалӣ – сафарбаркунии ҷавонони тоҷикро ба сафи ДИИШ дар Сурия ба ТЭТ ҲНИТ бовар кардаанд ва чаро аксаран ба ин дом ҷавонони муҳоҷири тоҷик меафтанд?
Таърихи сиёҳи фаъолияти ТЭТ ҲНИТ собит кардааст ва дар мусоҳибаи Сайҷалол Сияҳаков, собиқ муовини сардори созмони амнияти Наҳзати исломии Тоҷикистон бо нашрияи “Хатлон” низ зикр гардидааст, ки ТЭТ ҲНИТ дар гумроҳсозии муҳоҷирон ҳанӯз аз замони ҷанги шаҳрвандӣ таҷриба андӯхтааст. Маҳз дар ҳамон давра бо супориши хоҷагони хориҷиашон дар кишвар нооромиҳоро роҳандозӣ карда, мардумро ба гурехтан ба Афғонистон ташвиқ мекарданд ва касоне, ки “гуреза” шудан намехостанд, кушта мешуданд. Дар Афғонистон боз ҳамин ҳиллаҳое, ки нисбат ба Собиршо Ҳасанов анҷом доданд – нишон додани ҳисси “ғамхорӣ”, ба курсҳои хоинтайёркунӣ фиристодану мағзшӯӣ кардан, аз ҳисоби онҳо омода намудани дастаҳои террористӣ ва ба муқобили миллату ватан сафарбар намудани онҳоро истифода мебурданд.
Агар Сайҷалол Сияҳаков дар бораи мактаби хоинтайёркунии ҲНИТ ишорае карда бошад ва он ҳам беш аз 20 сол пеш, аммо Собиршо Ҳасанов дар таҷрибаи талхи ҳаёти худ собит сохт, ки дари ин “мактаб” ва дари ҳамёни муассисону маблағгузорони хориҷии он ҳанӯз ҳам боз аст. Маҳз ба хотири фош нашудани ин сир Кабирӣ фармон дод, ки фавран Собиршо Ҳасанов ва аҳли оилаи ӯро ҷисман нобуд кунанд. Зеро эшон бо вуҷуди таклифу мағзшӯиҳо ва дарки мақсаду ҳадафҳои ТЭТ ҲНИТ розӣ нашудаанд, ки ба Ватан хиёнат кунанд.
Имрӯз чанд ҷавони раҳгумзадае, ки ба «Гурӯҳи 24» ҷалб шудаанд, аслан ё зархариданд, ё мисли Собиршо Ҳасан онҳоро дар ғарибӣ бо истифодаи макру ҳилла ба сафи худ ҷалб кардаанд. «Гурӯҳи 24», ки худ дар хориҷи кишвар аз тарафи дасисабозоне мисли Умаралӣ Қувватов таъсис ёфта буд, аз хориҷи кишвар маблағгузорӣ шуда, давлатҳои манфиатхоҳ онҳоро барои ноором кардани авзои сиёсии Тоҷикистон “тарбия” карда истодаанд. Агар ба гузаштаи сиёҳи ин гурӯҳча, ки бе пуштибонии хоҷагонашон як рӯз ҳам вуҷуд дошта наметавонанд, назар афканем, маълум мешавад, ки он бар пояи манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ ва ғаразҳои муайян ба вуҷуд омадааст. Чунин тинати нопоку ғаразҳои манфур ва манфиатҷӯиву тақсимоти маблағҳои додаи хоҷагони хориҷиашон боис гардид, ки роҳбари аввалашон Умаралӣ Қувватовро худашон куштанд ва ҳатто ин амалашонро ҳамчун “бренд”, яъне воситаи шуҳрат ёфтани гурӯҳашон истифода бурданд. Тавре аз васоити ахбори омма медонем, баъдан дар миёни аъзои гурӯҳ барои тақсимоти грантҳои хориҷӣ баҳсу кашмакашиҳо шуд. Идомаи ҳодисаҳо нишон дод, ки хоҷагони хориҷии Гурӯҳи 24 ва ТЭТ ҲНИТ як будаанд ва умумияти дигарашон он аст, ки ҳарду созмони ҷиноӣ дар хориҷи кишвар таъсис ёфта, аз хориҷ маблағгузорӣ карда мешаванд. Пас аз он ки чеҳраи манфури ТЭТ ҲНИТ дар Тоҷикистон ошкор гашту саркардагонаш ба хориҷа гурехтанд, хоҷагони хориҷиашон онҳоро муттаҳид карда, лаҷоми идораи “Гурӯҳи 24”-ро ба дасти ТЭТ ҲНИТ доданд ва тавре Собиршо Ҳасанов нақл кард, онҳо акнун тавассути Кабирӣ маблағ мегиранд ва бо ишораи ин террорист корҳои сиёҳи худро анҷом медиҳанд. Тавре ба наздикӣ маълум шуд, ин “моҳи асал”-и онҳо, ки бар пояи манфиатҳову ғаразҳо бунёд шуда буд, дер давом накард. Мутобиқ ба маълумоти сомонаи “ахбор.ком” аз 21.01.2018 намояндагони “Гурӯҳи 24” эълон кардаанд, ки "бинобар сиёсатҳои носанҷида ва кӯшиши дахолат”-и ҳизби наҳзати исломӣ (ТЭТ ҲНИТ) ҳамкорӣ бо ин гурӯҳи дигари мухолифинро комилан қатъ мекунад. Ин пешбинишаванда буд. Чунки ҳам “Гуруҳи 24” ва ҳам ТЭТ ҲНИТ пулу мол ва манфиатҳои шахсиашонро аз ҳамаи дигар манфиатҳо боло гузошта, аз номи дини ислом баромад кардану “ба хотири манфиати мардум” гуфтанашон як аввомфиребӣ аст. Ҳам “Гуруҳи 24” ва ҳам ТЭТ ҲНИТ ғуломи нафсанд ва ин ҳама зиддияту аз худ “мухолифи ҳукумат” тарошиданҳо низ ба мақсади ҷалби таваҷҷуҳи маблағгузорони хориҷии ба қавле “ҳомии демократия” мебошад.
Дар айни замон, аъзои ин гурӯҳҳо бисёр ҷоҳиланд. Агар ба рафторашон назар афканем, шармамон меояд, ки онҳо бо тоҷикӣ ҳарф мезананд ва бо рафтору гуфтори ҷоҳилонаашон миллати тамаддунофари тоҷикро дар хиҷолат мегузоранд. Масалан, намози нафл хондани аъзои “Гурӯҳи 24” дар назди автомобили полиси Олмон ва он ҳам барои имтиҳони рафтори полис дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун худнамоиву фитнаангезӣ ва аблаҳиву масхарабозӣ баҳогузорӣ карда шуд. Оре, ин ҷавонони бахтбаргаштаро наҷот додан хеле душвор аст. Зеро онҳо дар торҳои анкабути хоинонаи хоҷагони хориҷии ТЭТ ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24” чунон печидаанд ва чунон мағзшӯӣ шудаанд, ки ҳоло аз манқурт фарқашон карда намешавад. Барои онҳо ягон арзишу муқаддасот вуҷуд надорад – на давлату миллат, на падару модар ва на дину имон. Ин фитнагарони “кӯчанамозхон”-ро агар хоҷагонашон супориш диҳанд, ба хотири фитнаи бештар афкандан ва аз дини мардум сӯистифода кардан ҳозиранд Қуръонро дар миёни кӯча оташ зананд ва боз либоси дигар пӯшида алайҳи ин амал норозигиву нооромӣ барпо намоянд. Инҳо ба дарди бедавое гирифтор шудаанд, ки номаш дарди хиёнат аст. Онҳо бо Иблис умумиятҳои зиёд доранд ва якеаш ин аст, ки гуноҳи онҳо нобахшиданист ва бо дарки ин маънӣ мисли Иблис боқии умри худро дар пайи кӯшиши гумроҳсозии мардум сипарӣ мекунанд. Агар дар ТЭТ ҲНИТ шайтонкалонҳо ҷамъ омада бошанд, пас аъзои “Гурӯҳи 24” шайтонбаччаҳои онҳоанд, ки новобаста аз номашон ҳадафҳои нопоки муштарак доранд – барҳам задани ваҳдату субот дар ҷомеа.
Сарнавишти Собиршо Ҳасанов бояд боиси ибрати ҷавонони кишвар гардад, то ба ҳеҷ нархе замири поки худро ба ин одамсуратони шайтонсиррат нафурӯшанд. Дар ин миён, падару модаронро низ зарур аст нисбати таълиму тарбияи фарзандон масъулияти бештар эҳсос карда, онҳоро аз шарри чунин гурӯҳҳои ифротӣ эҳтиёт кунанд.
Имрӯз аксарияти ҷавонони мо ҳушёру зирак ва аз авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ бохабаранд. Зимнан, ҷавонон бояд донанд, ки таъсису дастгирии чунин гурӯҳҳо дар хориҷӣ кишвар бо мақсади заиф сохтани пояҳои Истиқлолияти Тоҷикистон равона шудааст ва ҳамчун фарзандони баномуси Ватан ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ надиҳанд. Ҷавонони саодатманди тоҷик, ки дар фазои сулҳу оромӣ кору зиндагӣ ва таҳсил карда истодаанд, бояд бо шукргузорӣ дар пайи ватансозӣ бошанд ва ба иғвову дасисаҳои миллаткуши ин хоинону асолатбохтагон дода нашаванд.
Дар охир месазад қайд намоем, ки дар масоили давлатсозиву давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ на бояд ба умеди касеву чизе шуд, зеро аз лиҳози маънавию сиёсӣ касе бештар аз худи миллати тоҷик манфиатдор нест, ки хонаи умеди мо – Тоҷикистонро обод кунад ва бузургтарин манфиати миллӣ-Истиқлолияти давлатиамонро ҳифз намояд.
Мо низ дар навбати худ ҳамчун соҳибватанони асил ва содиқ ба Пешвои миллат талош бояд варзем, то он ҳама масъулияте, ки дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба мо бовар кардаанд аз сарбаландона иҷро кунем. Вазифаи шаҳрвандии мо дар ин росто иборат аст аз:
- Маҳкум кардани амалу рафтори гурӯҳҳои ифротӣ ва муборизаи беамон бурдан бар зидди унсурҳое, ки ба Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии мо таҳдид мекунанд;
- Аз роҳи фаҳмонидани оқибатҳои мусибатовари шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ислоҳ кардани ҷавононе, ки ба доми чунин гурӯҳҳо афтодаанд, ё дар раванди моилшавию шомилшавӣ қарор доранд;
- Ба хонишҳои сиёсӣ ва дигар чорабиниҳои маърифатӣ-фарҳангӣ ҷалб кардани ҷавонони деҳот ва махсусан он ҷавононе, ки муваққатан бекор ҳастанд;
- Ташвиқи ҷавонон ба кор дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, корҳои хонагӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибкорӣ;
- Фаҳмонидани истифодаи босамар аз васоити ахбори оммаи электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ;
- Ташкили маҳфилҳои илмӣ-адабӣ (масалан, маҳфили “Шоҳномахонӣ”) ба хотири баланд бардоштани ҳисси худшиносии милии ҷавонон;
- Ташкили саёҳати дохилӣ ҷиҳати шиносоии ҷавонон аз мавзеъҳои таърихӣ ва огоҳ шудан аз гузаштаи пурифтихори Ватан ва ғайра.
Бознашр аз китоби "Каъбаи умеди мо халқ асту бас!"