Субҳи имрӯз ба муносибати гусели гурӯҳи аввалини ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ дар комиссариати ҳарбии ноҳия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ раиси ноҳия Файзуллозода Зафар ба сухан баромада, сафҳои Артиши миллӣ натанҳо ҷойи адо кардани қарзи фарзандӣ, балки мактаби камолоти инсонӣ ва шуҷоати мардонагӣ мебошад. Вай дар баромбади худ изҳори итминон намуд, ки имрӯз дар ин майдон ҷавононе саф оростаанд, ки онҳо дар қалбу тафаккури худ меҳри Ватан - модар ва ҳимояи марзу буми кишварро ҷой додаанд, бо амри виҷдон ба нуқтаҳои даъват бо ҳидоят ва дуои неки волидон ҷамъ омадаанд ва хизмат дар сафи Артиши миллиро пешаи кори худ қарор додаанд ва дар назди падару модарон, хешу ақрабо, дӯстону наздикони худ қавл додаанд, ки хизмати Ватан - модарро бо сари баланд, содиқона адо менамоянд.
Ҳамчунин дар чобарбинӣ даъватшудагони ихтиёрӣ ба сухан баромада, омодагии худро баҳри хизмати софдилона ба ватан изҳор намуданд. Модарони даъватшудагон ва сархатиби ноҳия бо дуои нек наваскаронро ба хизмати Модар – Ватан раҳсипор намуданд.
Дар чорабинӣ ҳамчунон маросимианъанавии “кулчагазон” доир гардида, бо оростани дастархони идона ва барномаи фарҳангӣ ин чорабинӣ хотима ёфт.