Ятимов ба мансабдорони аврупоӣ аз ҲНИТ шикоят кард

Ятимов таъкид сохт, ки баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон зери шиорҳои дуруғин, баҳонаҳои бофта, бо ҳуҷҷатҳои қалбакиву сохта дар кишварҳои аврупоӣ соҳиби мақоми паноҳандагӣ шуданианд

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин  Ятимов бо ҳайати баландпояи хадамотҳои марзбонӣ ва кор бо муҳоҷирини Иттиҳоди Аврупо мулоқот кард.

Бо ҳайати баландпояи хадамотҳои марзбонӣ ва кор бо муҳоҷирини Иттиҳоди Аврупо Анджей Якубшек — директори раёсати кор бо шаҳрвандони хориҷии мақомоти марзбонии Полша, Лоте Лавиня ван дер Маде — мудири бахш оиди ба бозпасгардонӣ ва Эдита Скибинска — масъули аршади тамос оид ба бозпасгардонӣ, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, шомил мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ахиран, дар Иттиҳоди Аврупо зерсохтори алоҳида барои бозпасгардонидани муҳоҷирон бо таъини намояндаи махсус дар самти Осиёи Марказӣ таъсис дода шудааст.

Зимни мулоқот масъалаҳои суръат бахшидан ба раванди бозпасгардонидани шаҳрвандони тоҷик ба Ватан, ки дар давлатҳои Аврупо ғайриқонунӣ сукунат дошта, хатари муайянро барои ҷомеаи аврупоӣ эҷод менамоянд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

"Ятимов таваҷҷуҳи ҳайатро ба фаъолияти тахрибии ТТЭ собиқ ҲНИ ҷалб намуда, таъкид сохт", - менависад "Ховар".

Ӯ таъкид кард, ки баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон зери шиорҳои дуруғин, баҳонаҳои бофта, бо ҳуҷҷатҳои қалбакиву сохта дар кишварҳои аврупоӣ соҳиби мақоми паноҳандагӣ шуданианд.

Ба шарикон маълумоти муфассал ва далелҳои ҳуҷҷатӣ оиди ҷиноятҳои содиркарда ва амали тахрибии баъзе аз фаъолони ТТЭ собиқ ҲНИ, ки ҳамзамон  ба содир намудани  хиёнат ба ватани аҷдодӣ дар паи гирифтани иҷозати иқомат дар кишварҳои ғарбӣ ҳастанд,  пешниҳод гардид.

Сарчашмаҳои маблағгузорӣ, марказ ва воситаҳои роҳандозии фаъолияти ҷинояткоронаи  чунин ашхос бо далелҳои муътамад ба таваҷҷуҳи масъулини Полша ва Иттиҳоди Аврупо  расонида шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории муштаракро дар самти ошкор, дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод намудани унсурҳои ҷиноятӣ, инчунин пешгирии воридшавии ғайриқонунӣ ба Аврупо тавсеа мебахшанд. 

“Харитаи роҳ” дар масъалаи мазкур таҳия ва шахсони масъул муайян карда шуданд.

Ҳайати меҳмонон ҳамчунин аз ҷониби роҳбарияти вазоратҳои корҳои хориҷӣ, дохилӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ низ пазируфта шуда, масъалаҳои ҳамкорӣ бо ниҳодҳои номбурда низ баррасӣ гардид.

 

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.