
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нишасти матбуотии раиси ноҳия бо иштироки беш аз 30 нафар намояндагони воситаҳои ахбори умум баргузор гардид. Дар нишаст вобаста ба фаъолияти соҳаҳо дар давоми соли гузашта ба расонаҳо иттилоъ дода шуда, рӯзноманигорон ба саволҳои иловагии худ посухи қонеъкунанда дарёфт намуданд.