Дар қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба Фестивали ҷумҳуриявии “Чакомаи гесу” ва даври ноҳиявии озмуни “Кадбонуи беҳтарин” дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардид.
Дар чорабинии “Кадбонуи беҳтарин” ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо ҷалби кадбонувон номгӯи гунонуни таомҳои миллӣ, хӯришу пӯхтупазҳоро ба маърази ҳакамон ва иштирокдорон намуданд.
Муовини раиси ноҳия Тоҷинисо Шарипова зимни боздид аз озмун изҳор дошт, ки мақсад аз баргузории озмун густариши ҳунарҳои пазандагӣ, ороиши дастархон, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти кадбонуҳои беҳтарин, муаррифии ҳанури пазандагии онҳо ва ба ин васила тарғиби расму оини миллӣ буда, ҷиҳати ҷалби занони хонашин ба корҳои ҷамъиятӣ ва даромаднок мусоидат менамояд.
Инчунин барои дидани Фестивали “Чакомаи гесу” дар толори қасри фарҳанги ноҳия тамошобини зиёд ҷамъ омада буданд. Дар даври ноҳиявии Фестивал бонувон ва ҷавондухтарон шаклҳои гуногуни ороиш ва парвариши мӯйро ба ҳозирин нишон доданд. Қайд гардид, баргузории ин Фестивал-озмун натанҳо намоиши ороиш ва парвариши мӯй, балки тарғиби зебоипарастӣ, расму оин ва анъанаҳои миллӣ, аз қабили саршӯёну арӯсбаророн, мӯйбофону зулфандозӣ ва ҷамолакбофию кокулбофӣ, ки ороишу парвариши мӯй ва машшотагӣ ратб доранд, равона гардида, баланд бардоштани мақому манзалати сару либоси миллӣ, истеҳсоли матоъҳои хушсифат ва либоси шинам, тарғиби ҳусну малоҳати бонувон ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ аз ҳадафҳои дигари Фестивал ном бурда мешавад.
Дар рафти чорабинӣ саҳначаҳои ҷолиб аз амалишавии расму оин ва ананаҳо дар ҳаёти рӯзмарраи сокинон ва барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибони ҳарду озмун бо сипоснома сафароз гардонида шуданд.