“ОЗОДАНДЕШОН”, Ё ҶАМОАТЕ БО "ФАРТИ ХАРӢ"

Имрӯзҳо шахсони хоину дурӯя, ки бо бадхоҳияшон нисбати давлату миллат машҳуранд анҷумане бо ном "озодандешон" таъсис дода, пайваста тавассути маводи иғвоангезона бар сари миллати тоҷик борони туҳматҳоро мерезанд. Баҳсу мунозираҳо карда, баромадҳои бемаврид ва бемазмунро баён менамоянд. Ин шахсон, мардумро ба суи терроризм ва экстремизм ҷалб кардан мехоҳанд. Албатта, амалҳои моҷароҷӯёнаашон сари хасе таъсир надоранд, вале моро ин далел, ки тоҷик бадхоҳи миллати хеш шудааст, нороҳат намудааст.

Истиқлолият ва Ваҳдат неъматест гарон барои мардуми тоҷик, ки бо ҷаҳду талошҳои софдилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, ормонҳои деринаи мардуми кишварро амалӣ намуд. Ғамхориҳои доимии Пешвои миллат, хусусан, нисбат ба ҷавонон боиси ифтихор аст. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд ин ғамхориҳоро дарк намуда, ҳисси баланди миллӣ доранд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор менамоянд. Мо ҷавонон, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ дорем, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад. Мо ҷавонон шукрона аз он дорем, ки дар як кишваре зиндагӣ дорем – ободу осуда ва ин кишвар бо Ваҳдату субот асос ёфтааст. Шароити хуби зиндагие, ки мо дорем, байни бештари мамлакатҳои ҷаҳон бо фазои оромии худ фарқкунанда аст ва ин фазои оромро мо ҷавонон намегузорем, ки касе халалдор созад ва барои ҳимояи он ҳамеша омода ҳастем.

Шахсони бо ном "озодандешон" ва дигар ифротгароён намедонад, ки шахси солимақл, соҳибистеъдод ифтихори оила ва саодатмандии кишвар аст, аммо баръаксии ҳол, яъне шахси фитнаангез доғи дили падару модар, дарди ҷомеа, омили низоъ ва фитнаҳои навбатӣ мебошад. Хуб мешуд, ки ба ҷойи ин корҳои иғвоангезона, корҳои хайр ба мисли пешниҳод кардани ғояҳои созанда барои инкишофи мамлакат ва ғайра машғул шуда, ба дигарон, хусусан ба ҷавонон ҳамчун намунаи ибрат мешуданд.

Ҳаминро гуфтан мехоҳам, ки шахси солимақл, ки барои муттаҳидию ваҳдатофарӣ, ифтихори ватандорӣ, покизагии маънавию ахлоқӣ ва инкишофи давлат кушиш менамояд, байни ҷомеа нуфуру эътибори хосса пайдо мекунад, вале баръаксии ин хислатҳо бадбахтии роҳгумзада мебошад. Бо ин ду-се нодону ҷоҳил, ки худро “озодандеш” меноманд ва ҳар кӣ ба монанди онҳо хару худфурухта нест, ба қавли Сино “кофираш мехонанд” мегӯям, ки ба хотири ваъдаи ночизи бегонагон амал накарда, худро шарманда насозанд!

 

Худойназар САИДНАЗАРОВ, шаҳри Бохтар

 

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.