Бахшида ба иди миллии Сада дар назди қасри фарҳанги ноҳия чорабинии идона ва намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳия Бадриддин Садриддинзода сокинони ноҳияро ба муносибати ин ҷашни миллӣ табрик намуда, онро яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон арзёбӣ намуда, таъкид намуд ҷашни Сада рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва рафтани нимаи зимистон буда, ба мардум муждаи нахусти баҳорро оварда, деҳқононро барои кишту кори саҳро омода менамояд.
Қайд гардид, ки ҷашни Сада дар масири таърих ҷойгоҳи хоса дошта, ҳангоми давлатдории Ашкониён, Сосониён ва Сомониён бо тантана ва шукӯҳи тамом истиқбол мегардид. Бузургони илму адаби мо, чун Фирдавсиву Анварӣ, Манучеҳриву Фаррухӣ ва дигарон дар васфи ин ҷашни миллӣ осори пурарзиш эҷод кардаанд.
Раиси ноҳия дар идомаи баромади худ изҳор дошт: “Намоиши имрӯзаи навниҳол ва гулу буттаҳо ба ин мақсад мебошад, ки ба ин восита эҳтиёҷоти мардум ба маҳсулоти кишоварзӣ ва боғдорӣ, ки шуғли асосии сокинони ноҳия маҳсуб меёбад, таъмин карда шавад”.
Сипас аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба фаъолон ва пешсафони соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия бо нишони қадрдонӣ сипоснома тақдим карда шуд. Бахши фарҳанги ноҳия чорабиниро бо пешниҳоди барномаи ҷолиби консертӣ идома дод.